Раҳматилло Зойиров: Натиҷаҳои расмии интихобот қарори сиёсӣ ва тақаллубӣ мебошад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров шоми имрӯз бо нашри як баёния дар саҳифаи фейсбукии худ натиҷаҳои расмии интихоботи парлумониро “қарори на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ” номида, изҳор дошт, ки ҲСДТ онро эътироф намекунад. “Имрӯз, 2-юми марти соли 2020, соати 15.00, баъд аз машваратҳои бисёрсоата ва барои амалисозии қарори сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси […]

Asia-Plus

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров шоми имрӯз бо нашри як баёния дар саҳифаи фейсбукии худ натиҷаҳои расмии интихоботи парлумониро “қарори на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ” номида, изҳор дошт, ки ҲСДТ онро эътироф намекунад.

“Имрӯз, 2-юми марти соли 2020, соати 15.00, баъд аз машваратҳои бисёрсоата ва барои амалисозии қарори сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КМИР ҶТ Б. Худоёрзода натиҷаҳои расмии интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ тантанавӣ эълон накарда, балки қироат кард”, – омадааст дар баёнияи раиси ҲСДТ.

“Натиҷаҳои пешакии расмии интихоботи мазкур аз соати 2.30-и шаб то 6.00-и субҳи 2-юми марти соли 2020 дигар буданд, аз соати 6.30-и субҳ то 11.00-и ҳамин рӯз дигар шуданд ва ниҳоят, то соати 15.00-и ҳамин рӯз, яъне бевосита пеш аз қироати тантанавӣ, дигар шуданд. Ба ин тариқ, натиҷаҳои расмии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар давоми 12 соат се бор тағйир ёфтанд”, – навиштааст Раҳматилло Зойиров.

“Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳор медорад, ки расман натиҷаҳои расмии интихоботро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ эътироф намекунад”, – таъкид шудааст дар баёния.

“Натиҷаҳои расмии интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот, яъне тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ, ки Б. Худоёрзода қироат кард, қарори на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва тақаллубӣ мебошад”, – изҳор доштааст раиси ҲСДТ.

Раҳматилло Зойиров дар шарҳи зери баёния навиштааст: “ҲСДТ то соати 6-и субҳ – 29.5%, то 11.00-и рӯз – 7.4%, то 15.00 – 0.32%. Оё ҳамин интихоботи озод ва демократист?”

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.