Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Боғи Рӯдакӣ ярмаркаи баҳории “Наврӯз Душанбе-2020” идома дорад, ки дар он маҳсули эҷоди ҳунармандон – туҳфаҳо пешкаш шуда, барои кӯдакон машғулиятҳои касбӣ гузаронида мешавад. Ярмарка аз соати 11:00 то 24:00 кор мекунад. – Оғози мусобиқаи дарёфти иҷозаҳои Осиё оид ба бокс дар Уммон (Урдун). Дар ин мусобиқа барои ба даст овардани роҳхатҳо ба […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Боғи Рӯдакӣ ярмаркаи баҳории “Наврӯз Душанбе-2020” идома дорад, ки дар он маҳсули эҷоди ҳунармандон – туҳфаҳо пешкаш шуда, барои кӯдакон машғулиятҳои касбӣ гузаронида мешавад. Ярмарка аз соати 11:00 то 24:00 кор мекунад.

– Оғози мусобиқаи дарёфти иҷозаҳои Осиё оид ба бокс дар Уммон (Урдун). Дар ин мусобиқа барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиада рақобат сурат мегирад. Дар он 12 намояндаи Тоҷикистон иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.7545 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1438 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1938 – Ҳукумати Тоҷикистон нахустин нақшаи генералии сохтмони шаҳри Сталинободро тасдиқ кард.

2009 – Президенти ҶТ фармон дар бораи ба номи Имоми Аъзам номгузорӣ шудани Донишкадаи исломии Тоҷикистонро ба имзо расонид.

2011 – ВКД Тоҷикистон Кодекси ахлоқи касбии кормандони милисаро тасдиқ кард.

2019 — Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаргоҳи “Боботоғ” ба фаъолият оғоз кард, ки Ҳисори Тоҷикистон ва Узуни Ӯзбекистонро ба ҳам пайваст.

1894 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев.

1919 – Мавлуди шоири русзабони Тоҷикистон Александр Усенко.

1935 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Назиршо Сӯфиев.

1938 – Мавлуди доктори улуми иқтисод, профессор Ином Асроров.

1940 – Зодрӯзи Арбоби шоистаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Ғолиб Тағоймуродов.

1947 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Сафарбегим Тошхӯҷаева.

1948 – Зодрӯзи адиб Муҳиб Қурбон.

1949 – Мавлуди журналист Саидҷалол Сатторов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи умумиҷаҳонии табитати ваҳшӣ. Ҳадаф аз таҷлили он баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳли ҷомеа аз масоили олами наботот ва ҳайвонот унвон мешавад.

Рӯзи байнулмилалии нависандагон. Он дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта шуда, иди касбии ҳамаи намояндагони “ҳокимияти чорум” ба шумор меравад.

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи солимии гӯш ва шунавоӣ. Пешбинӣ шудааст, ки дар ин рӯз ташкилотҳои тиббӣ ва ихтиёриён бояд барои беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз мушкилоти вобаста ба солимии гӯшҳо ва шунавоии одам чорабиниҳо гузаронанд.

3 марти соли 1861 Александр II манифестро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ҳуқуқи крепостноӣ дар Русия бекор шуд.

435 сол пеш дар Виченсеи Италия театри “Олимпико” кушода шуд, ки намунае барои бисёр театрҳои сершумор дар саросари ҷаҳон шуд. Аз ҳамон замон то имрӯз дар ин ҷо спектаклҳо намоиш дода мешаванд. Ин аввалин дар таърих бинои болояш пӯшидаи театр бо ҳазор ҷойи нишаст буд.

Дар  шаҳри Маскав 100 сол пеш дар ин рӯз Хонаи матбуот (имрӯз Хонаи марказии журналистон) – Домжур боз шуд.

3-юми марти соли 1923 – 97 сол пеш шумораи аввалини маҷаллаи амрикоии «Time» (қароргоҳ дар Ню-Йорк) ба нашр расид, ки нахустин ҳафтавори иттилоотӣ дар ҷаҳон ба шумор мерафт. Теъдоди нашри он имрӯз 3,4 млн нусхаро ташкил медиҳад.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 7+12° гарм, рӯзона 19+24° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 14+19° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона 9+14° гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 17+22° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5° хунук, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 22+24° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 8-13м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 8+10° гарм, рӯзона 22+24° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 3-5° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.