Дар Тоҷикистон манбаъҳои нави андозбандӣ меҷӯянд

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои давлатии дахлдор дастур додааст, ки сарчашмаҳои нави андозбандӣ пайдо кунанд. “Вазорати молия дар ҳамдастӣ бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҳои иловагӣ андешад”, – қайд мешавад дар қарори ҳукумат “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои давлатии дахлдор дастур додааст, ки сарчашмаҳои нави андозбандӣ пайдо кунанд.

“Вазорати молия дар ҳамдастӣ бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҳои иловагӣ андешад”, – қайд мешавад дар қарори ҳукумат “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020”.

Сохторҳои давлатии дар боло зикршуда ва дигар вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ уҳдадор шуданд, ки “ҷиҳати сифатнок таъмин кардани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ чораҷӯӣ намоянд”.

Қобили зикр аст, ки нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар соли гузашта иҷро нашуда, бинобар ин, ба буҷет аз маблағи пешбинишуда 516 млн сомонӣ (зиёда аз 53 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд.

Раиси Кумитаи андоз Давлатзода ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки 432 млн сомонӣ аз ин маблағ аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ гирифта нашудааст.

Ӯ зикр кард, ки дар муқоиса бо солҳои пешин фаъолияти бисёре аз ширкатҳои мобилӣ суст шудааст.

Зимнан илова шуд, ки аз як тараф, агар қисмати даромади буҷет ҳамасола дар ҳоли зиёдшавӣ бошад, аз ҷониби дигар, сарчашмаҳои андозситонӣ кам шуда истодаанд.

Дар дурнамои миёнамуҳлат ҳукумат ҳамасола 10% зиёд кардани нақшаи ҷамъоварии андозро пешбинӣ кардааст.

Соли 2020 воридшавии маблағҳо ба буҷет аз ҳисоби андоз дар ҳаҷми 17,9 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 1,6 млрд сомонӣ зиёдтар аз соли гузашта аст.

Ҳиссаи воридшавии маблағҳо аз андоз дар ҳаҷми умумии даромади буҷети ҷумҳурӣ наздики 70%-ро ташкил медиҳад.

Охири моҳи октябри соли гузашта Кумитаи андоз ба вазорату идораҳои дахлдор мактуб фиристод, ки дар он манбаъҳои нави афзоиши воридшавии маблағ ба буҷет аз ҳисоби андоз пешниҳод шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.