Тадбирҳо баҳри ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ супориш дод, ки дар самти ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, дар навбати аввал афзоиши сармоягузории мустақим тадбирҳо андешад.

“Дар ҳамдастӣ бо Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус, зиёд намудани сармояи мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд андешида шавад”, – гуфта мешавад дар қарори ҳукумат, ки моҳи гузашта қабул шудааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2019 ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 607,1 млн долларро ташкил дод, ки 345,9 млн доллараш сармоягузории мустақим ва 261,2 млн доллар – дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Маблағи сармоягузориҳои мустақим асосан ба истихроҷи канданиҳои фоиданок (67% аз ҳаҷми умумии онҳо) равона гардиданд.

Ҳамчунин ба саноати коркард, соҳаҳои нақлиёту алоқа, сохтмон, бахши сайёҳӣ, фаъолияти молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои тиҷоратӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол, наздики 76% сармяогузориҳои мустақим дар соли гузашта аз Чин ҷалб шуданд, ки ҳаҷми умумии онҳо 262,3 млн долларро ташкил дод. Ин маблағҳо ба рушди бахшҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷ, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, нақлиёт ва алоқа равона шуданд.

Ҳамчунин сармоягузорон аз Русия (хизматрасониҳои молиявӣ, сохтмон ва алоқа), Британияи Кабир (иктишофи геологӣ ва истихроҷ, хизматрасониҳои молиявӣ), Туркия (саноати коркард, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ) ва дигар кишварҳо дар ҳаҷмҳои начандон зиёд ба иқтисоди Тоҷикистон маблағгузорӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...