Вазорати саноат: Корхонаҳои ордбарории Тоҷикистон талаботи дохилиро пурра қонеъ мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ордбарории ҷумҳурӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин мекунанд.

Тавре дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ қайд мекунанд, дар ҷумҳурӣ 47 корхонаи ордбарорӣ мавҷуд буда, онҳо дорои имкони истеҳсоли 1,9 миллион тонна орди гандум дар як сол мебошанд.

Гуфта мешавад, ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи ҷумҳурӣ, ки 800,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад 1,9 маротиба зиёд аст.

“Ҳар шабонарӯз дар корхонаҳои мазкур 1835 тонна орд истеҳсол мешавад”, – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Зикр мегардад, ки корхонаҳои коркард бо гандум ва бозори дохилӣ бо орд асосан аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин шуда, қисми дигари он аз Қазоқистон ва Русия мунтазам дар ҳаҷми зарурӣ ворид мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорат, давоми моҳҳои январ-феврали соли равон дар корхонаҳои ордбарории ватанӣ 110 ҳазор тонна орди гандумӣ истеҳсол шуда, дар баробари ин 14,6 ҳазор тонна аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти бақияи соли 2019 (47,1 ҳазор тонна) ҳаҷми орд дар бозор дар маҷмӯъ 171,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба талабот (133,5 ҳазор тонна) 126,7% зиёд мебошад.

Таъкид мешавад, ки соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми беш аз 710 ҳазор тонна орд аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ пурра таъмин гардида, боз зиёда аз 3,1 ҳазор тонна ин маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба овозаҳо дар бораи коронавирус сокинони Тоҷикистон ба ташвишу таҳлука афтода, ба харидорӣ ва захираи миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз карданд. Сабабашро аз худи онҳо пурсидем:

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...