Супурдани эъломия дар бораи даромад ва амвол барои мансабдорон осонтар шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон ҷараёни бақайдгирии эъломияҳои хизматчиёни давлатиро содатар кард.

“Сухан дар бораи механизми инноватсионии дар системаи муосири маъмурияти андоз истифодашаванда меравад, ки он яке аз чораҳои автоматикунонии бақайдгирии андозсупоранда аст ва манбаи иттилоотии бо номи «Дафтари шахсии андозсупоранда» таҳия карда шудааст”, – қайд мешавад дар хабари Кумитаи андоз дар ин робита.

Гуфта мешавад, «Дафтари шахсии андозсупоранда» махзани ҳамаҷониба ҳифзшаванда буда, аз воридшавӣ ва истифодабарии шахси бегона ба таври махсус муҳофизат карда шудааст.

Роҳандозии тадбирҳои мазкурро дар Кумитаи андоз ба изҳороти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хатар ва оқибатҳои харобиовари коррупсия, бахусус дар системаи идоракунии давлат нисбат медиҳанд.

“Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ сарвари давлат 26 декабри соли 2019 қайд кард, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад ва яке аз чораҳои зиддикоррупсионӣ пешниҳод гаштани эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ оид ба дарамад ва моликият мебошад”, – зикр мешавад дар маълумот.

Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, хизматчии давлатӣ уҳдадор аст, ки ҳар сол на дертар аз 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ ва шаҳрванд ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли зист эъломия оид ба андоз аз даромад ва вазъи молу мулкро пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти андоз танҳо ба муайян кардани объекти андозбандӣ, назорати дурустӣ ва асоснокии пардохти андозҳо ва таъмини ситонидани онҳо уҳдадоранд.

Зикр мешавад, ки пешниҳод накардани эъломияҳо ё дар он нишон додани маълумоти нодуруст барои аз хизмати давлатӣ озод кардани хизматчии давлатӣ ва ба хизмати давлатӣ қабул нагардидани шаҳрванд асос шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...