“Мушкили сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон се роҳи ҳал дорад”, – Сооронбой Жээнбеков

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯзи 11-уми март дар шаҳри Исфана бо сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Сулукта ва ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд вохӯрда, бо онҳо дар бораи роҳҳои ҳалли масоили марбут ба сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон суҳбат кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, зимни вохӯрӣ ӯ қайд кардааст, ки ахиран гуфтушунидҳо бо Тоҷикистон дар ин самт барқарор ва фаъол шуда, ҳар ду ҷониб ба муколамаи созанда бо назардошти далелҳои ҳамдигар омодаанд.

“Ҳамаи мушкилот бояд бо назардошти фикри аҳолии маҳаллӣ ҳал шавад. Мустаҳкамии сарҳад натанҳо бо неруи артиш, балки бо эҳсоси ватандӯстии сокинони дар он иқоматдошта низ арзёбӣ мешавад. Албатта, ҷараёни гуфтушунидҳо вақти зиёд талаб карда, анҷоми он дар муҳлати кӯтоҳ имкон надорад. Аз ин рӯ, аз мо натанҳо дурандешиву оқилӣ, балки сабру таҳаммул ҳам тақозо мешавад”, – таъкид доштааст ӯ.

Сооронбой Жээнбеков ҳамчунин қайд кардааст, ки бо касби соҳибистиқлолӣ қариб ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ бо мушкилоти марбут ба сарҳадҳо рӯ ба рӯ шуданд.

“Масоли вобаста ба марзҳо бояд бо назардошти фикру андешаи аҳолии маҳаллӣ ҳаллу фасл шаванд”, – таъкид доштааст президенти Қирғизистон.

Ӯ таъкид кардааст, ки дар масъалаи ҳалли мушкилоти марбут ба сарҳад се роҳу воситаи ҳал вуҷуд дорад.

“Роҳи аввал ҳамаро ба ҳоли худ гузоштан аст. Воситаи дуюм – истифода аз неру, ки дар он ҳар ду ҷониб роҳи созиш наёфта, масъаларо тавассути низои ҳарбӣ ҳал мекунанд. Ва роҳи сеюм – ҳалли масъала сари мизи гуфтушунид”, – номбар кардааст сарвари давлати Қирғизистон.

Жээнбеков аз қирғизҳо даъват кардааст, ки ба амалҳои иғвогаронаи тарафҳои гуногуни манфиатдор дода нашаванд, зеро онҳо  танҳо барои бесубот кардани вазъ пайдо ва аз байн мераванду ба вилояти Ботканд ҳеҷ робитае надоранд.

“Дар ниҳояти кор худи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бо мушкилот танҳо мемонанд”, – илова кардааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр сарҳадоти муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...