Шарҳи сабаби дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надоштани коронавирус

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Духтури эпидемолог, доктори илмҳои тиббӣ, муовини директори генералии Пажуҳишгоҳи байнулмилалии ваксинаҳои назди СММ Михаил Фаворов дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ вуҷуд надоштани коронавирусро ба иқлими хос, ҳавои хушк ва … гиёҳи ҳазориспанд (алафи исриқ ё гармолаи одӣ), ки аз замонҳои қадим дар ин минтақа барои безараргардонӣ аз сироят истифода мебаранд, марбут медонад.

“Бо ҳамтоёнамон аз Ӯзбекистон як хусусиятеро пай бурдем, ки як қатори кишварҳои шомил ба “секунҷаи муғулӣ”-ро айни замон коронавирус фаро нагирифтааст. Дар бораи сабабҳояш хеле зиёд фикр кардем: шояд ҳавои хушк ва иқлими хос ё гиёҳи ҳазориспанд (алафи исриқ ё гармолаи одӣ), ки аз замонҳои қадим дар ин минтақа барои безараргардонӣ аз сироят истифода мебаранд. Ҳозир тахминзаниву чизеро пешгӯйӣ кардан бефоида аст, лекин воқеият ин аст, ки дар ҳеҷ кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳолатҳои сироят аз COVID-19 ошкор нашудааст ва умедворам, ки оянда низ пайдо намешавад”, – хабар медиҳад Sputnik-Uzbekistan бо нақл аз гуфтаҳои Фаворов зимни конфронси матбуотӣ дар Тошканд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, олими маъруф барои кумак дар пешгирии паҳншавии коронавирус дар ин кишвар қарор дорад. Ӯ ба кормандони тиббӣ дар муассисаҳои махсуси муолиҷавӣ машварат медиҳад.

Фаворов қаблан дар мусоҳиба ба нашрияҳои Русия изҳор дошта буд, ки коркарди ваксина бар зидди коронавируси нав барои касе фоидаовар нест.

“Ин гапи беҳуда аст. Ҳеҷ касе ба коркарди ин ваксина машғул нест ва ин корро ҳам намекунад. Ваксина фоидае надорад. Чунки агар коронавирус баъди се моҳ хотима ёбад, эмгузаронӣ (ваксинатсия) дигар ба кӣ лозим мешавад? Дар вируси хеле душвори SARS панҷ мартиба бештар беморон ҳалок шуданд, лекин ваксина нест. Чиро метавон ваксина номид?… Барои истеҳсоли чунин ваксина, ки ба касе лозим нест, кӣ маблағгузорӣ мекунад. Баъд аз ду ҳафта аллакай дигар бемор боқӣ намемонад. Сарусадоҳо дар бораи ваксина гапҳои беҳудаанд”, – гуфтааст олим.

Қобили зикр аст, ки дар қораи Авруосиё то ҳол танҳо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон аз сирояти коронавирус эмин мондаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...