Коронавирус ва авиатсия: Кадом хатсайрҳо аз/ба Душанбе бекору кадомашон боқӣ монданд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бар асари коронавирус аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози тайёраҳоро бо хатсайрҳо қатъ ё шумори онҳоро кам мекунанд.

«Сомон Эйр»

Аз ин ширкат ба “Азия-Плюс” хабар доданд: “Маҷбурем, шумори хатсайрҳоро ба самти шаҳрҳои Русия кам кунем, аммо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки бо назардошти теъдоди мусофирон парвоз дар хатсайрҳоро анҷом диҳем”.

Мувофиқи лавҳаи вақти воқеӣ (онлайн-табло)-и Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, “Сомон-Эйр” имрӯз парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳрҳои Маскав (Жуковский) ва Новосибирск (Томачёво) бекор кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ин ширкати ҳавопаймоӣ хабар доданд, дар давраи аз 18 то 22 март иҷрои парвозҳо бо чунин хатсайрҳо дар назар аст:

18 март – Душанбе-Маскав-Душанбе, Хуҷанд-Душанбе-Хуҷанд

19 март – Душанбе-Маскав-Душанбе, Хуҷанд-Душанбе

20 март – Истанбул-Душанбе-Истанбул, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

21 март – Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

22 март – Душанбе-Хуҷанд-Душанбе.

Тибқи қарори ҳукумати Русия, ба парвоз танҳо шаҳрвандони Русия ва ҳамчунин категорияи муайяни шахсоне роҳ дода мешаванд, ки дар қарор зикр шудаанд ва ин ба ҳамаи ширкатҳо дахл дорад.

Ёдрас мекунем, ки “Сомон Эйр” қаблан парвозҳоро ба Ҳиндустон, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб қатъ карда буд.

Turkish Airlines

Дар ширкат хабар доданд, ки парвозҳои наздиктарин бо хатсайри Душанбе-Истанбул рӯзҳои 19, 21 ва 26 март анҷом дода мешаванд.

“Кам шудан ё қатъ шудани парвозҳо дар ҳафтаи оянда алҳол номаълум аст”, – қайд карданд дар Turkish Airlines.

Қаблан ин ширкат парвозҳоро бо хатсайри Истанбул-Душанбе то ду маротиба кам карда буд. 

Fly Dubai

Аз ин ширкат иттилоъ доданд, ки парвози наздиктарин бо хатсайри Душанбе-Дубай рӯзи 20-уми март сурат мепазирад.

Алҳол қатъ шудани парвозҳо ба ин самт номаълум аст. Ин ширкат низ қаблан парвозҳоро ба Душанбе то ду маротиба кам кард.

«Эйр Астана»

Тавре аз ширкат хабар доданд, парвозҳои наздиктарин бо хатсайри Душанбе-Алмаато рӯзҳои 20 ва 25 март иҷро мешаванд. «Эйр Астана» пештар парвозҳоро ба ин самт аз 6 то 2 маротиба дар як ҳафта кам кард.

«ЮтЭйр»

Ширкат дар як рӯз бо хатсайри Маскав (Внуково)-Душанбе 2 парвоз анҷом медиҳад. Зикр шуд, ки субҳи имрӯз ҳавопаймо бо ин хатсайр парвоз карда, хатсайри бегоҳӣ бекор карда шудааст.

Фардо парвозҳо бо хатсайр тибқи ҷадвал анҷом дода мешаванд. Аммо тибқи ҷадвал сурат пазируфтани парвозҳо дар рӯзҳои дигар номаълум аст.

«Уральские авиалинии»

Ширкат имрӯз, 18-уми март чаҳор парвозро аз Душанбе ба самти шаҳрҳои Санкт-Петербург, Краснодар, Екатеринбург,  Маскав (Жуковский) бекор кард.

Дар ширкат ба “Азия-Плюс” дар бораи тағйирот ба ҷадвали парвозҳо маълумот надоданд.

“Дар ин бора ба ВАО маълумот намедиҳем. Огаҳ кардани мусофирон дар бораи бекор шудани парвоз мушкили худи мост”, – гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ изҳор доштанд, ки маблағҳои сарфкардаи мусофирон барои билет аз ҷойи харидорӣ пурра баргардонида мешаванд ё метавонанд ба вақти дигар гузаронида шаванд.

Қобили зикр аст, ки пештар Тоҷикистон бо Чин, Эрон ва Афғонистон иртиботи ҳавоиро қатъ кард. Ҳамчунин парвозҳо байни Тошканду Душанбе низ боздошта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...