Тоҷикистон иртиботи ҳавоиро бо Чин қатъ кард

Байни Тоҷикистону Чин бо хатсайри ҳавоии Душанбе-Урумчи дар як ҳафта 4 парвоз анҷом дода мешуд. Онҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймолии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Чин ширкати “South China Airlines” ҳар кадом ду парвозӣ иҷро мекарданд. Имрӯз маълум шуд, ки “Сомон Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Душанбе-Урумчи то 4-уми феврал ва аз Урумчи ба Душанбе то […]

Байни Тоҷикистону Чин бо хатсайри ҳавоии Душанбе-Урумчи дар як ҳафта 4 парвоз анҷом дода мешуд. Онҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймолии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Чин ширкати “South China Airlines” ҳар кадом ду парвозӣ иҷро мекарданд.

Имрӯз маълум шуд, ки “Сомон Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Душанбе-Урумчи то 4-уми феврал ва аз Урумчи ба Душанбе то 5-уми феврал мутаваққиф сохтааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамасола дар ин мавсим бинобар сабаби ҷашни Соли нав дар Чин, ширкат парвозҳо ба самти ин кишварро анҷом намедод.

Дар дафтари матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд, ки аз ҷониби ширкати “South China Airlines” низ парвозҳои ҳафтаина бо ду хатсайр ба Урумчи ва парвозҳо ба Тоҷикистон то моҳи феврал боздошта шудааст.

“Алҳол дақиқ намедонем, ки парвозҳо бо чӣ сабаб мавқуф гузошта шудаанд – хуруҷи коронавирус ё ҷашни Соли нав, ки дар Чин 25-уми январ таҷлил мегардад”, – қайд карданд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.

Ҳамзамон зикр шуд, ки парвози ҳавопаймои хатсайри Урумчи-Тоҷикистон, ки бояд 25-уми январ сурат мегирифт, низ бекор карда шудааст.

Қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳамчун мақоми ваколатдор бо ирсоли мактуби расмӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дархост кард, ки то муътадил шудани вазъият сафарҳои корӣ ва сайёҳиву тиҷории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Чин маҳдуд кунанд.

Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд, тамоми маълумот дар бораашон сабт карда шуда, онҳоро аз муоинаи тиббӣ гузаронанд ва таҳти назорат қарор диҳанд.

Ин ҷо бароятон кортҳоро омода кардем, ки аз онҳо ба ҳама гуна суолҳои вобаста ба коронавирус посух дарёфт карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.