Раисҷумҳур рамзи 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро тасдиқ кард

Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ кард.  Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қаблан маҳсули корҳои худро пешниҳод карда буданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ кард. 

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қаблан маҳсули корҳои худро пешниҳод карда буданд.

Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.

Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҶТ-ро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд. Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.

Дар хабар омадааст, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода баранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?