Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз вазифа озод мешавад?

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ барои озод ва таъин кардани Прокурори генералии Тоҷикистон фармон баровард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум фардо, 24-уми январ дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Ба баррасии иҷлосия масъалаи додани ризоияти Маҷлиси миллии […]

Asia-Plus

Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ барои озод ва таъин кардани Прокурори генералии Тоҷикистон фармон баровард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум фардо, 24-уми январ дар шаҳри Душанбе доир мешавад.

Ба баррасии иҷлосия масъалаи додани ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ барои озод ва таъин намудани Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Масъалаи дуюми иҷлосия Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад.

Мутобиқи моддаи 56 қисми 4-и Конститутсияи ҶТ, дар салоҳияти Маҷлиси миллӣ ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ мебошад.

Ҳасби ҳол: Генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод аз 23-юми январи соли 2015 дар вазифаи Прокурори генералии ҶТ фаъолият кардааст.

Номбурда 22-юми марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Аз июли соли 1991 – муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз августи соли 1992 – муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ.

Аз ноябри соли 1993 – муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ.

Аз декабри соли 1995 – прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе.

Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ.

Аз октябри соли 1998 – Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Аз июни соли 2002 – Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии ҶТ.

Аз 5-уми марти соли 2010 то 30-юми январи соли 2012 – Прокурори вилояти Суғд.

Аз 30-юми январи соли 2012 то 14-уми декабри соли 2014 – сардори шуъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти ҶТ.

Аз 14-уми декабри соли 2014 то 23-юми январи соли 2015 – муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ.

Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.