Номаи президенти Радиои Озодӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба аҳдаш дар бораи имкон додан ба фаъолияти бемамониати кормандони радио дар Тоҷикистон вафо накардааст. Изҳороти президенти Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ нашр шуд ва нусхаи он ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам фиристода шуд. Дар он омадааст, бо назардошти чунин вазъият, мумкин […]

Радиои Озодӣ

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба аҳдаш дар бораи имкон додан ба фаъолияти бемамониати кормандони радио дар Тоҷикистон вафо накардааст. Изҳороти президенти Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ нашр шуд ва нусхаи он ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам фиристода шуд. Дар он омадааст, бо назардошти чунин вазъият, мумкин аст, Радиои Озодӣ шеваҳои дигари фаъолияташро дар Тоҷикистон баррасӣ кунад.

Ҷейми Флай номаро ба вазир баъд аз он фиристод, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ барои ҳамагӣ ним сол парвонаи кор дод. Бар асоси қонун, дар Тоҷикистон вазорат ба хабарнигорон иҷозаи кори яксола бояд бидиҳад. Айни замон 7 корманди Радиои Озодӣ аз ҳаққи кор дар дафтар маҳруманд ва 7 нафари дигар низ фақат моҳи октябри соли гузашта барои муддати маҳдуд иҷозаи фаъолият гирифтаанд.

Ҷейми Флай дар нома навиштааст, "аккредитатсияи нима ҳамроҳ бо озори хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки ҳукумати шумо барои имкон додан барои фаъолияти бемамониати Радиои Озодӣ самимӣ нест" ва "уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро барои эҳтиром ба матбуоти мустақил риоя намекунад".

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти тоҷик дархост кардааст, ки бидуни таъхир иҷозатномаи фаъолияти ҳамаи кормандони Радиои Озодиро содир кунад.

Дар оғози моҳи ноябри соли гузашта президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Швейтсария мулоқот кард ва ду тараф вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ ҳам, рӯзи 14-уми январ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ аз манобеи хабарӣ танқид кард. Созмон дар гузорише навишт, "Радиои Озодӣ аз моҳи октябр… зери фишори зиёд қарор гирифт"

Қаблан аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ду узви Конгресси Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Радиои Озодӣ яке аз чанд расонаи ангуштшуморе дар Тоҷикистон аст, ки ахбори дуруст ва бетарафона нашр мекунад ва бинандаву хонандаи зиёде дорад. Вебсайти Радиои Озодӣ аз вебсайтҳои асосии хабарӣ ва пурхонанда дар Тоҷикистон аст. Канали Радиои Озодӣ дар Ютуб бо тақрибан 900 ҳазор пайрав маҳбубтарин канал дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.