Озод аз коронавирус: якчанд консерт дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ҳамаи 4 ноҳияи пойтахт рӯзҳои ҷашни Наврӯз зери фазои кушод консертҳо доир мегарданд.

Ба ин тариқ, дар боғи “Куруши Кабир” ноҳияи Шоҳмансур (мавзеи Театри опера ва балет) ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар боғи Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ – дар боғи ба номи Фирдавсӣ ва Сино – дар майдони назди бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон консертҳо баргузор мешаванд.

Ба суол дар бораи андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва муҳофизат аз коронавирус дар ин чорабиниҳо аз шаҳрдории пойтахт посух доданд, ки “сарфи назар аз хатари паҳншавии коронавирус, дар ҳар як ид барои таъмини шаҳрвандон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд ва ин дафъа низ ҳамин тавр мешавад”, лекин мушаххасан дар бораи тадбирҳо чизе гуфта нашуд.

Дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ дар “Амфитеатр”-и Душанбе консерти сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Хайриддини Шариф, Мадина Ақназарова, Сафармуҳаммади Рустам, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов барпо мешавад.

Ин консерт аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ташкил шуда, рӯзи 23-юми март (оғоз соати 18:00) доир мегардад.

Ҳамчунин рӯзҳои ид дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз якчанд консерт баргузор мешавад.

Дар ипподроми пойтахт мусобиқаҳои пойгаи аспдавонӣ гузаронида мешаванд.

Қаблан дар Вазорати фарҳангӣ ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки таҷлили Наврӯзро касе манъ накардааст.

“Ҷашнгирии Наврӯз дар саросари Тоҷикистон сурат мепазирад. Ягон фармон ё қарор дар бораи бекор кардани таҷлили Наврӯз содир нашудааст. Наврӯз бояд ҷашн гирифта шавад, зеро он иди миллии мост”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” муовини вазири фарҳанг Обидҷон Назариён.

Ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд:

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...