Баррасии омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба эҳтимоли хуруҷи коронавирус

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати эълони карантин дар ҷумҳурӣ гурӯҳи ёварони ихтиёрӣ таъсис диҳад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар ин бора 26-уми март муовини якуми вазири тандурустӣ Саида Умарзода зимни ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат супориш додааст.

Ба таъсиси гурӯҳи ёварони ихтиёрӣ (волонтёрон) ва сафарбар кардани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф шуданд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла, бистарӣ ва табобат кардани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур таъмини шуъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати эълони карантин дар миқёси ҷумҳурӣ, саҳми табибони оилавӣ дар ин ҳолат баррасӣ шуданд.

Таъкид карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла, бистарӣ ва табобат кардани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ бояд ҳамаҷониба омода бошанд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла, захираи мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё кардани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ҳисобот доданд.

Қобили зикр аст, ки 25-уми март аз ҷониби Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия (Роспотребнадзор) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои муайян кардани коронавирус 20 ҳазор тести оҷилӣ ҷудо карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми феврал то 25-уми марти соли равон 5460 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 2002 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, 3458 нафарашон дар карантин мондаанд. Дар миёни шахсони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...