Маъруфҷон Ҳоҷибоев: “Дар Суғд коронавирус ба қайд гирифта нашудааст”

Date:

“Дар вилояти Суғд ягон ҳолати гирифтории сокинон ба коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст ва мардум набояд ба таҳлука афтанд”, – гуфт муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев имрӯз, 6-уми апрел дар нишасти хабарӣ.

“Овозаҳо дар бораи он, ки сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов , ҷамоати “Ҳаёти нав” Ҳабибулло Шодиев гӯё аз коронавирус фавтидааст, ягон асоси воқеӣ надорад. Ташхисҳо нишон доданд, ки анамнез ё ҳолномаи эпидемиологии бемории ӯ нисбат ба коронавирус ягон алоқамандӣ надорад. Ӯ аз илтиҳоби шуш (пневмония) фавтидааст. Бо ҳамаи хешовандони ин бемор суҳбат гузаронида шуда, ба Қирғизистон рафтани ӯ тасдиқ наёфтааст”, – изҳор дошт муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Вай афзуд: “Ҳоло дар вилоят ягон манбаъи сироятёбии коронавирус ошкор нашудааст. Он 13 нафаре, ки дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ кардем, дар байни онҳо ягон ҳолати сироятёбии коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст. Онҳо ҳангоми гардиши хонагӣ дарёфт шуда, бо таби баланд бистарӣ гардиданд ва имрӯз ҳолаташон хуб, нафаскашиашон ором аст ва ягон ангезандаи коронавирус дар онҳо ошкор нашудааст. Инро ҳамин шаб, соати 23 таҳлили онҳо муайян кард. Онҳо илтиҳоби роҳи болоии нафас доранд, мо инро инкор намекунем. Ду нафарашон ҳарорати баланд доштанд ва ҳоло онҳо хубанд. Дар зарурат мо ташхиси такрорӣ мегузаронем”.

“Он шахсоне, ки ҳарорати баданашон баланд буд, мо аъзои оилаҳои онҳоро низ ба карантин гирифтем. Ба назарам, аз ҳамин як нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ пайдо шуд ”, – иброз дошт Ҳоҷибоев.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд роҷеъ ба мавҷудияти кормандони мақомоти қудратӣ дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов чунин иброз дошт: “Мо низоми карантинро пурзӯр кардем. Ин меъёр аст. Мо назоратро қатъитар кардем”.

Бино ба иттилои масъулин, ҳоло дар вилоят 18 муассисаи тандурустӣ барои чораҳои пешгирӣ аз коронавирус омода карда шуданд. То имрӯз беш аз 2600 нафаре, ки аз хориҷа ба вилоят омадаанд, ба карантин фаро гирифта шуда, аз ин теъдод зиёда аз 1500 нафарашон ҷавоб дода шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...