Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18 вагон кумаки башардӯстона фиристод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз як қатораи боркаш бо кумаки башардӯстонаи ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ба ҷумҳурӣ 18 вагон ворид шуд. Бори вагонҳо аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, кумаки башардӯстона бо супориши шахсии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Қатора бо кумаки башардӯстонаи кишвари ҳамсояро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва вазири тандурустӣ Насим Олимзода пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон қариб дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон сиротятёфтагони коронавирус ошкор шудааст. Аз оғози хуруҷи беморӣ то имрӯз, 9-уми апрел дар ин кишвар 555 мубталои коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 нафар фавтиданд ва 30 каси дигар шифо ёфтанд.

Дар ҳамсоякишвар карантин эълон шудааст, аммо ҳаёти рӯзмарра идома дорад. Фермерону деҳқонон ба корҳои кишооварзӣ оғоз карда, корхонаҳои стратегии саноатӣ ва бинокороне, ки иншооти барои давлат муҳимро бунёд мекунанд, бо риояи қоидаҳои карантин кори худро давом медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.