Таъсири пайомадҳои коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи дурнамои рушди иқтисоди кишварҳои қораи Осиё, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ дар робита ба хуруҷи коронавирус гузориш нашр кард. Дар назар аст, ки рушди иқтисоди давлатҳои Осиё ба сурати умум суст шуда, сатҳи таварруми оғозёфта идома ва охири сол дар маҷмӯъ 3,2%-ро ташкил хоҳад дод. Аммо коҳиши нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар нимаи дуюми […]

Хабаргузории “Фарғона”

Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи дурнамои рушди иқтисоди кишварҳои қораи Осиё, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ дар робита ба хуруҷи коронавирус гузориш нашр кард.

Дар назар аст, ки рушди иқтисоди давлатҳои Осиё ба сурати умум суст шуда, сатҳи таварруми оғозёфта идома ва охири сол дар маҷмӯъ 3,2%-ро ташкил хоҳад дод. Аммо коҳиши нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар нимаи дуюми сол барои коҳиши таваррум дар соли 2021 замина муҳайё месозад.

Дар мавриди Тоҷикистон қайд мешавад, ки ба туфайли сармоягузориҳои назарраси давлатӣ, афзоиши интиқоли пул ва идомаи саноатикунонӣ зери идораи давлат, ки соҳаи истеҳсолиро дар партави сармоягузориҳои заифи хусусӣ ва мушкилоти ҳалношудаи бахши бонкӣ ҳавасманд месозад, нишондиҳандаҳои умумии иқтисодӣ аз 7,3% дар соли 2018 то ба 7,5% дар соли 2019 беҳтар шуданд.

Мутахассисони БОР пешгӯйӣ мекунанд, ки суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон то 5,5% дар соли 2020 ва то 5% дар соли 2021 суст мешавад.

Ба ҷуз тадбирҳои вобаста ба оқибатҳои коронавирус, камтаваҷҷуҳии кишвар барои сармоягузориҳои хусусӣ, инчунин коҳиши ҳаҷми интиқоли пул аз Русия сабабҳои поинравии рушд номида шудаанд.

Инчунин фаъолияти нокофии ду бонки бузурги Тоҷикистон ва як қатор корхонаҳои давлатӣ хавфҳои муҳим барои вазъи молиявии Тоҷикистон арзёбӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, поинравии суръати корҳо дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва қитъаи тоҷикистонии лӯлаи газ аз Туркманистон ба Чин низ пешгӯйӣ мешавад.

Сарфи назар аз коҳиши имконпазири қурби пули миллӣ – сомонӣ дар натиҷаи беқурбшавии рубли Русия, афзоиши босуръати гардиши пул давоми сол бинобар сабаби интихоботи президентӣ дар тирамоҳ (аз ҷумла, барои боло бурдани маошҳои давлатӣ) ва болоравии тарифҳо ба нерӯи барқ дар моҳи ноябр, соли 2020 таваррум дар сатҳи камтар аз 10% боқӣ мемонад.

Мувофиқи арзёбии коршиносони БОР, соли 2020 воридоти маблағҳо аз пардохти андоз ба буҷети Тоҷикистон 10% кам мешаванд. Дар навбати аввал, ин бо сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар сурат мепазирад.

Гуфта мешавад, бо шарти афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва фурӯши он ба Афғонистону Ӯзбекистон, дар солҳои 2020 ва 2021 афзоиши ҳаҷми умумии содирот имконпазир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.