Парлумон маблағгузорӣ ба идомаи бунёди нақби “Истиқлол”-ро маъқул шуморид

Дата:

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қарордод байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати рушди захираҳои обӣ ва энержии Эронро дар бораи идомаи бунёди нақби “Истиқлол” тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода изҳор дошт, ки дар қарордоди 3-юми январи соли равон имзошуда аз ҷониби ҳукумати Эрон ҷудо гардидани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 5,5 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории иловагӣ барои идома ва анҷоми бунёди нақби “Истиқлол” ба сурати умум дар ҳаҷми 11 млн. доллар пешбинӣ шудааст. Тибқи санаде, ки бо Эрон ба имзо мерасад, маблағи боқимондаро дар ҳаҷми 5,5 млн. доллар ҳукумати Тоҷикистон ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вазир, мувофиқи лоиҳа, ин маблағҳо ба амалисозии марҳилаи дуюми сохтмони нақб равона мешаванд. Зимнан анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва насби низомҳои рӯшноидиҳӣ, ҳавокашӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, ҳамчунин назорати бехатарӣ ва идоракунии иншоот пешбинӣ шудааст.

Ба иҷрои ин корҳо ширкати эронии “Фароб” машғул хоҳад шуд, ки бо дигар ширкати эронии “Собир” дар бунёди иншооти мазкур иштирок карда буд.

Вазир гуфт, ки то имрӯз ширкати “Фароб” корҳои лоиҳакаширо пурра ба анҷом расонида, мунтазири аз ташхиси давлатӣ гузаштан аст.

Худоёрзода нақби “Истиқлол”-ро иншооти муҳими стратегӣ унвон кард, ки фаъолияти мукаммали он ба таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.

Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби “Истиқлол” созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.

Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор шуд. Лекин аз сабаби хатои лоиҳакашон, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.

Моҳи апрели соли 2014 ширкати эронии “Собир” корҳои бозсозии нақби “Истиқлол”-ро дубора шурӯъ кард, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ он боздошта шуд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми $6 млн. иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимондаи нақб ҳар кадоме $3 млн. ҷудо мекунанд.

Аммо соли 2016 муносиботи ду кишвар пас аз даъвати раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ба як конфронси байнулмилалӣ ба Эрон сард шуда, танҳо соли гузашта каме рӯ ба беҳбудӣ овард.

Нақби “Истиқлол” дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби “Истиқлол” 5,2 километр аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное