Марди шуҷоъ ва ҷонфидои миллат

Иноят Адолатов, омӯзгори Академияи ВКД ҶТ, аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Порае аз ёдномаи шодравон генерал-полковник Ҳомуддин Шарипов.

Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем,

Он гоҳ шиносем, ки гӯянд: Куҷо шуд?

Ҳомуддин Шарипов ба ҳама чиз арзанда буд! Ҷони одам буд! Инсони комил ва шахси мӯътабар буд.

Афсӯс, сад афсӯс, ки дар зиндагиаш ба қадри меҳнату заҳматаш на он қадар баҳои дуруст додаанд. Ватанхоҳӣ ва қадршиносиашро ба эътибор нагирифтаанд. Беш аз даҳ сол чун кӯҳҳои сар ба фалаки Тоҷикистон садди роҳи ба қисмҳо тақсимшавии Тоҷикистон гардид. Сутуни устувори ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Дарозии умр бо бисёр кормандони қувваҳои қудратӣ, бо чандин роҳбарони зинаҳои болоӣ ва кормандони поинии органҳои дохила вохӯрдам, шинос шудам, вале дар дилу хотири ман Ҳомуддин Шарипов беҳтарин афсари қувваҳои қудратии Тоҷикистон, беҳтарин роҳбар ва олимтарин инсон буд ва мемонад. Ҳар давру замон инсонҳоеро ба дунё меорад, ки баъзеашон як умр бо обу замин сару кор мегиранд, дигарашон шаҳру деҳот обод мекунанд, иддае наслҳоро меомӯзанд, бархе дар ҷодаи илму фарҳанг заҳмат мекашанд…

Инсонҳое кам вомехӯранд, ки аз хоби ширин, аз фароғати оилаи худ даст кашида, ба ҳайати қувваҳои дохила ё органҳои ҳифзи ҳуқуқ ба кор дароянд. Аз ҷавонӣ шурӯъ карда, корманди ҳифзи ҳуқуқ – инсон шуданро дар қалби худ сайқал диҳанд. Ҳомуддин Шарипов аз қабили чунин инсонҳои шариф буд. Барои ӯ ҳимояи шаъну шарафи инсонӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ касби беҳтарин маҳсуб мешуд. Ӯ борҳо бо ифтихор мегуфт: мо аз авлоди муҳофизони мирони Балҷувон мебошем. Мо ҷону тани худро барои ҳифзи Ватан бе ҳеҷ дудилагӣ месупорем. Ва намегузорем, ки пойи нопоки душман ба хоки муқаддаси мо гузошта шавад.

Мавзеи хушманзарае, ки Ҳомуддин Шарипов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, бисёр одамони муътабари касбу кори гуногунро ба олам додааст. Бародари падари Ҳомуддин полковники мустафъӣ (шодравон) Шарифбек Шарипов, доктори илмҳои иқтисодӣ, академики байналмилалии муҳандисӣ Самариддин Каримов, шоири хушзавқ ва журналисти шинохтаи Тоҷикистон Абдулҳалим Воҳидов ва чандин касони дигар дар ин деҳа ба дунё омада, ба халқу Ватан хизмати арзанда кардаанд.

Ҳомуддин Шарипов 15 июни соли 1947 пас аз ду соли хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар деҳаи Саталмуши ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Волидайни онҳоро солҳои 50-уми асри 20 иҷборан муҳоҷир карда, ба деҳаи Москвачаи хоҷагии Коммунизми ноҳияи Фархор овардаанд. Ӯ дар он ҷо маълумоти миёна гирифта, сипас ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва соли 1971 онро бомуваффақият хатм кард.

Шиносоии ман бо ин марди шуҷоъ ва ҷонфидои миллати тоҷик соли 1988 ба амал омада буд. Вақте ки ӯ раиси Суди вилояти Кӯлоб таъин шуда, аз Ёвон кӯчида омад. Бо ҳукми тақдир Ҳомуддин Шарипов дар ҳавлии 108 ҷой гирифт, ки дар рӯ ба рӯйи хонаи мо буд. Мо ҳар пагоҳӣ бо ҳам вохӯрда, аз аҳволи якдигар пурсон мешудем. Як лаҳзаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Рӯзи истироҳатӣ буд. Бегоҳӣ мо дар болои сурфаи умумии ҳавлӣ ҷамъ шуда, шоҳмот мебозидем.

Ҳамсояҳо Маликов Абдусамад, Восеъ Ғафуров, Даврон Давлатов, Нусратшо Одинаев, Абдулҳамид Нурляминов, Абдуҷаббор Ғафуров мухлисони ҳақиқии шоҳмот буданд. Лекин на ҳамаи онҳо дар ин бозӣ қудратманд буданд. Аз ин лиҳоз, ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, шоҳмотбозӣ мекарданд. Ба кадом гурӯҳ дохил кардани Ҳомуддин Шарипов он рӯз ба миён омад. Бояд ӯ ба ҳамаи шоҳмотбозон як ба як вохӯрда, ҷойи худро муайян мекард. Ҳомуддин Шарипов як одати аҷиб дошт: вақте ки мавқеъи ҳариф танг мешуд, баъзе қувваҳои ҳарифро муфт мегирифт. Мегуфт: “Аҳволи Арбоб Камол табоҳ гардид. Аз тақдир ҷойи гурез нест, канӣ ягон шахси дигар ҳаст, ки бозиро идома диҳем?”

Он рӯз Ҳомуддин Шарипов баъд аз бозии ҳаштум ҷойи худро дар гурӯҳи аввал муайян кард. Дар он гурӯҳе, ки шоҳмотбозон қоидаҳои аслии бозии шоҳмотро хонда, аз бар карда буданд. Собиқаи 15 ё 20-солаи шоҳмотбозӣ доштанд. Пас аз он таклиф кард, ки гилеми болои сурфаро хеле васеъ намоянд, зеро ин ғолибият бо зиёфати хеле калон шуста мешавад. Лаҳзае нагузашта, чанд нафар ҷавонони ҳавлӣ табақҳои калон пур аз палов ба назди шоҳмотбозон омаданд. Мардуми ҳавлӣ хеле оромона ва дӯстона бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Дар кори муттаҳид кардани мардуми шоҳмотбоз Ҳомуддин Шарипов нақши марказиро бозид. Кор ба ҷое расид, ки мардуми ин ду ҳавлӣ чӣ чорабиние мегузарониданд, шоҳмотбозон дар маркази диққат буданд.

Ҳомуддин Шарипов ба фарзандони ҳамсояҳо дар ёфтани кори доимӣ кумаки беғаразона кард. Писарони Абдуҷаббор Ғафуров, Давлати Қурбон, Абдулҳамид Нурлямов, ки дорои маълумоти олӣ буданд, вале дар кӯчаҳо бекор мегаштанд, онҳоро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб намуд. Мошини сабукрави “Волга”-и ҳамсоя Восеъ Ғафуровро ҷинояткорон рабуда буданд. Онҳоро дастгир карда, мошинро баргардонид. Аз ин лиҳоз, Ҳомуддин Шарипов шахси дорои сифатҳои ростқавлию шуҷоъмандӣ ва миёни аҳли маҳалла дорои обрӯю эътибори хос буд.

Ҳомуддин Шарипов барои хизматҳои давлатӣ бо ордени Исмоилӣ Сомонӣ дараҷаи 2 ва зиёда аз 30 медали Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофонида шудааст. Ӯ барои хизмати шоиста дар мустаҳкам кардани муносибатҳои Тоҷикистону Россия бо ордени Пётри 1 сарфароз гардонида шудааст. Ӯ оиладор ва соҳиби 9 фарзанд буд.

Ҳомуддин Шарипов бо қарори конференсияи IХ ғайринавбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаи якмандатии интихоботи №37 ш.Кӯлоб пешбарӣ карда шуд.

Дар солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои ниҳоят вазнини қаҳтӣ буд, Ҳомуддин Шарипов қариб ба ҳамаи ҳамсояҳо аз ҳисоби заминҳои худаш гандум, нахӯд, наск ва дигар зироатҳо тақсим карда медод. Хеле хуб дар ёдам нақш бастааст.

Дар ниҳоди Ҳомуддин Шарипов заррае хислати шуҳратпарастӣ, мағрурӣ, калонгарӣ ба чашм намерасид. Аз ин лиҳоз, ӯ маҳбуби дилҳо буд. Вақте ки кас ба ҳаёту саргузашти Ҳомуддин Шарипов бо ченаку андозаи инсонӣ ва одамгарӣ баҳо медиҳад, ба хулосае меояд, ки ӯ танҳо баҳри накӯкорӣ ба дунё омада, бо некномӣ зиндагӣ кард. Ин ҷо хеле бамавқеъ аст, ки як рубоии шоири тоҷик Ҳиҷозиро, ки роҷеъ ба меҳру муҳаббати инсон сароидааст, пешкаш намоем.

Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,

Эй ҳеҷ, зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч.

Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас,

Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.

Аз Ҳомуддин Шарипов қабл аз ҳама боғи хуб, фарзандони хубу номбардори падар боқӣ монд. Фарзандони ӯ Аҳлиддин, Фаррух, Фирӯз, Бузургмеҳр аллакай ба пайраҳаи интихобкардаи падар қадам монда, миёни мардум соҳиби обрӯю эътибори калон мебошанд.

Ҳомуддин Шарипов ҳамчун ходими давлатӣ, генерал-полковник, коркуни ифтихории ВКД Федератсияи Россия ва ВКД Ҷумҳурии Украина, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазири корҳои дохилии ҶТ ва Раиси Кумитаи қонун барои муҳофизати инсон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ дар умри кӯтоҳи худ роҳи дуру дароз ва душвори роҳбариро аз сар гузаронид.

Бо ташаббуси Ҳомуддин Шарипов ВКД ҶТ оид ба муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадир бо ВКД ФР, ВКД Ӯзбекистон, ВКД Қирғизистон, ВКД Қазоқистон, ВКД Украина, ВКД Белорусия ва Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст.

Ҳангоме ки бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз мансаби Вазири корҳои дохилии ҶТ сабукдӯш гардид, ба хонаи писари калониаш, корманди органҳои қудратии шаҳри Кӯлоб Аҳлиддин омад. Пас аз чанд соати дар хонаи писараш дам гирифтан, ба назди ман кас фиристода, талаб кард, ки шоҳмотро гирифта, ба наздаш равам. Ман бо хоҳиши ӯ ба ҳавлии Аҳлиддин рафтам. Ҳомуддин бо кадом шиносаш чой менӯшид. Маро дидан баробар аз ҷой хеста, истиқбол гирифт ва гуфт: “Акнун ман як моҳ дар ихтиёри Шумо, чӣ қадаре, ки хоҳиш доред, шоҳмотбозӣ мекунем. Муаллими сурх довар мешавад”. Ҳамсуҳбаташро чунин меномид.

Бо ҳамин минвол як моҳ шоҳмотбозӣ кардем. Вай рӯзи аввал иброз дошт, ки дар шаҳри Кӯлоб номзадиашро ба намояндагии халқ дар Шӯрои Олӣ гузоштааст. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки мардуми шаҳри Кӯлоб шуморо хеле қадрдонӣ мекунанд ва нағз мешиносанд, албатта, дар интихобот ғолиби мутлақ мешавед. Боз суханамро идома дода, иброз намудам, ки барои Шумо чӣ лозим 100% овозҳоро ба даст овардан, 51% гиред, мегузаред. Ӯ бо шунидани ин сухан хеле дар ғазаб шуда, фаромӯш кард, ки ман ба ферзи ӯ чардӣ эълон кардаам. Ферзашро гирифтам. Дигар бозиро идома надод ва ба тарафи ман бо қираи чашм нигариста гуфт: “Агар 51% овоз гирам, дар интихобот он обрӯю эҳтироме, ки мардуми шаҳри Кӯлоб нисбат ба ман доранд, чӣ мешавад? Ман боварии қавӣ дорам, ки дар интихоботи дарпешистода мардум 100% ба тарафдории номзадии ман овоз медиҳанд”.

Дарвоқеъ, суханҳои Ҳомуддин Шарипов рост баромад. Тамоми интихобкунандагони шаҳри Кӯлоб ба тарафдории номзадии ӯ ба вакили Маҷлиси Олӣ овоз доданд. Ӯ намояндаи халқ дар Шӯрои Олии ҶТ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...