БДА: Вуруди нақлиёт ба Душанбе аз минтақаҳо маҳдуд намешавад

Asia-Plus

Маҳдудиятҳое, ки дар шаҳри Душанбе марбут ба пешгирии сирояти коронавирус ҷорӣ мешаванд, ба вуруди мошинҳо дахл нахоҳанд дошт.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати БДА Тоҷикистон хабар доданд, тадбирҳои дар Душанбе роҳандозишуда ба вуруди нақлиёт аз минтақаҳо дахл надорад.

“Дар байни ронандагони мошинҳое, ки ба Душанбе ворид мешаванд, оид ба риояи меъёрҳои санитарӣ, аз ҷумла, тоза нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, пӯшидани ниқоби тиббӣ ва дигар талабот корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Ҷорӣ кардани маҳдудияти вуруди нақлиёт ба пойтахт ҳоло пешбинӣ нашудааст”, – гуфтанд дар РБДА-и кишвар.

Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз 1-уми май дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ мешаванд. Маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, аз соати 10:00 то 20:00 ҳаракати ин навъи мошинҳо дар роҳ манъ карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...