Covid-19: Чӣ бояд кард, то хешовандони солмандамонро ҳифз кунем?

таҳияи Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигор, махсус барои КҲФ

Сину сол яке аз омилҳои таъсиррасон барои короновирус аст. Таҳқиқоте, ки дар Чин роҳандозӣ шуд, нишон медиҳад, ки ҳар қадар агар инсон ба синну сол бузургтар бошад, ҳамон андоза барои вай сироят ба короновирус хатарноктар аст. Бино ба маълумоте, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ироа кардааст, маргумир бар асари короновирус 3,5% аст. Вале ин рақамро ҳам набояд ба он маъно фаҳмид, ки эҳтимолияти марги фарогир аз Covid-19 вуҷуд дорад. Мутахассисони Чин ба ин натиҷа расиданд, ки фавт аз сирояти короновирус дар миёни одамони аз синни 80 бузургсолтар 14,8% буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки афроди синнашон аз 10 то 39 – 0,4 дарсад фавтиданд.

Аммо мутахассисон боз мегӯянд, аз сабаби он ки бисёре аз мардумон гирифтори шакли сабуки ин беморӣ мешаванд ва ба духтурон муроҷиаи намекунанд, онҳо ба қайд гирифта намешаванд. Аз ин рӯ, таносуб миёни сироятшудагон ва фавтидагон метавонад ба маротиб камтар бошад. Таҳлилгарони ҳукумати Британияи Кабир ба ин назаранд, ки дар асл марг бар асари короновирус метавонад ҳамагӣ наздик ба 1% бошад.

Вале бояд гуфт, ки хатар барои солмандон дар ҳақиқат бузург аст. Пас, суоли матраҳ ин аст, ки пирсолон ва хешовандони онҳо бояд чӣ кор кунанд, то садди роҳи сироят ба ин вирус шаванд?

Ниқоб ва худмуолиҷа? НА!!!

“Аввалан набояд ба воҳима дода шуд ва ба ин ҳолат басо оромона бояд муносибат кард. Чӣ тавсия мешавад? Мо, масалан, доруҳои зиддивирусӣ истеъмол мекунем. Мо онҳоро ҳар сол истеъмол мекунем. Аммо агар дар ҳақиқат ҳолате дигаргуна пеш омад, пас бояд ниқоб пӯшид. Вале ҳоло зиндагӣ ба таври мушоҳидашаванда тағйир накардааст”, – гуфтааст ба ВВС сокини куҳансоли Маскав Екатерина. 

Аммо дар бораи ин назари Екатерина мутахассисон назарҳои мутафовит доранд. Дар Русия доруҳои зиддивирусӣ асосан он доруҳое номида мешаванд, ки моддаҳои фаъоли умифеновир доранд. Ин ҷо метавонад сухан дар бораи “Арбидол” равад, ки назири онро Чин ҳам барои муолиҷаи короновирус тавсия медиҳад. Вале ҳоло ҳам таъсири ин дору аз ҷониби муҳаққиқон исбот нашудааст. Ва маълум ҳам нест, ки он ба меъёрҳои байналмилалӣ посухгӯ ҳаст ё на?

Аз сӯйи дигар дар бораи ниқоб ва таъсири он ба сирояти вирус ҳам назарҳо гуногунанд. То кунун донишмандон назароти мухталифро иброз доштанаанд. 

Карантин? Оре! Вале…

Би-би-си аз доктор Элизабетта Гроппелли, вирусшинос ва профессори донишгоҳи Лондон пурсидааст, ки одамони солманд худро чӣ гуна ҳифз кунанд?

Ин духтури шинохтаи вирусшинос мегӯяд ҳоло муҳим он аст, ки инсон аввал аз худ бипурсад: оё дар ҳамин ҳолу ҳамин вазъият оё зарур аст ба супремаркет ё бонк равад?

“Як қоидаи басо одӣ вуҷуд дорад: агар синни шумо болотар аз 65 аст, пас, дар хона бимонед. Воситаҳои басо одиву асосии ҳифозат: маҳдуд кардани иртибот бо наздикон ва риояи масофа ҳангоми муколама”.

Коронавирус бо ду роҳ сироят мекунад: аз инсон ба инсон ва ҳангоми расидан ба ашё. Маъмулан, мегӯяд Гроппелли, одамон дар ин бора фикр намекунанд, ки чӣ гуна онҳо ба ашёи гуногун дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даст мерасонанд.

“Ба ман ҳамеша суратҳоеро аз Италия мефиристанд, дар баъзе аз онҳо эълонҳое ҳам аз супермаркетҳо ба чашм мерасанд: Агар синни шумо аз 65 болост, пас, дар хона бимонед. Ба мо занг занед ва мададгорон худ маҳсулоти лозимро ба шумо мерасонанд, – мегӯяд Гроппелли. – Аз ин равиш шояд дар Русия низ истифода карданд. Дар Италия волёнторон маҳз ба ҳамин сабабҳо пайдо шуданд. Ҳоло агар дар Русия нестанд, ин ба он маъно ҳам нест, ки аслан пайдо намешаванд”. 

Чӣ бояд кард, ки сироят нашавем?

Доктор Гроппелли мегӯяд, то кунун мо на доруи зидди короновирус дорем ва на воксани онро. Ва ҳоло хеле муҳим аст, ки дар бораи солмандонамон андеша кунем. Набояд гузорем, ки онҳо сироят шаванд. Хонум Гроппелли мегӯяд: бояд чораҳои эҳтиётӣ риоя шаванд, вале ба ҳар ҳол лозим нест, ки ба воҳима дода шавем. Ӯ мегӯяд пеш аз он ки ба назди хешованди солманди худ равед, аз худ ду соал кунед:

Оё ҳарорати бадани ман баланд аст (беш аз 37,5 дараҷа)?

Оё сулфаи хушк дорам? 

Дар идома хонум Гроппелли нақл мекунад, ки модарбузургаш дар 94-солагӣ аз олам гузашт. Ӯ аз ҳолаш хабар мегирифт. Солҳои охири умр вай ба як кампираки резапайкаре табдил шуда буд. Ман мерафтам, барояш ғизо мебурдам. Вале вақте таб доштам, рафта наметавонистам. Ва гумон мекунам ин роҳи дуруст аст ва бояд инро ҳоло ҷиддан риоя кард”.

Вале агар пирсолон бо ҳама дар якҷо зиндагӣ мекунанд?

Дар Аврупои Шарқӣ солмандон аксар ҳолат бо хонаводаҳои худ якҷо зиндагонӣ мекнунад. Албатта, дар чунин ҳолат иртиботҳо ногузиранд, вале боз ҳам метавон хатарро коҳиш дод. Нашрияи итолиявии La Repubblica дар охирин шумораи худ як силсила тавсияҳои мутахассисонро дар бораи он нашр кард, ки бо шахси мубтало ба Covid-19 дар як хона чӣ гуна метавон зиндагонӣ кард. Ва баъзеи ин тавсияҳо барои касоне, ки онҳоро бояд махсус эҳтиёт кард, заруранд. 

Масалан, муаллифони ин тавсияҳо мегӯянд, ба хешони солманд бояд утоқи алоҳида ҷудо кард, ҳатман бо пӯшидани ниқоб муколама намуд ва ҳамвора, ақаллан рӯзе як маротиба ҳавои хонаро тоза кард, ҷойҳоеро, ки аъзои оила ба он даст расондаанд, тамиз намуд.

Бознашр аз торнамои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...