Тоҷикистониёнро ба хатсайрҳои чартерии баргардонидани шаҳрвандони Русия роҳ намедиҳанд

Баҳманёр Нодиров

Се парвози ҳавопаймоҳои чартерӣ танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ташкил карда мешавад. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.

Сафорат аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш кардааст, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накунанд.

“Ҳамчунин дар сурати пешниҳоди фурӯши билети ҳавопаймо аз ҷониби шахсони алоҳида, аз харидории чунин билетҳои ҳавопаймо худдорӣ намоед. Ҳангоми барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон, шаҳрвандон метавонанд маълумотро танҳо аз сайтҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия, инчунин дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дарёфт намоянд”, – таъкид шудааст дар маълумоти саҳифаи сафорат дар Facebook.

Зимнан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанон хоҳиш мешавад, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, бевосита, ҳар як шахс худаш, тавассути телефонҳои доимӣ амалкунандаи сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, маълум кардани он, ки оё бо ин хатсайрҳо аз Русия ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ё ягон чизи дигар оварда мешавад ё на, муяссар нашуд. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе хабар доданд, ки вақти дақиқи омадани ҳавопаймоҳо ва чӣ овардани онҳо ба Тоҷикистон алҳол маълум нест.

Рӯзи 28-уми апрел Росавиатсия то рӯзи 5-уми май ҷадвали пешакии парвози ҳавопаймоҳоро аз кишварҳои хориҷа барои баровардани шаҳрвандонаш пешниҳод кард.

Аз ҷумла, рӯзи 30-юми апрел ду парвоз аз пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ширкати “Сибирь” аз Душанбе ба Новосибирск ва ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба шаҳрҳои Сургут ва Екатеринбург парвозҳо анҷом медиҳанд.

Рӯзи 3-юми май парвози ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба Маскав барои баровардани шаҳрвандони Русия дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз 20-уми март иртиботи ҳавоии байнулмилалиро ба ҳама самтҳо қатъ кард.

Русия бар асари хуруҷи коронавирус аз 27-уми март иртиботи мунтазами ҳавоиро бо кишварҳои дигар қатъ кард. Танҳо аз хориҷа баровардани сайёҳони русиягӣ истисност. Аз 31-юми март шумори хатсайрҳо барои аз хориҷа баргардонидани шаҳрвандон кам шуда, шумори мусофирон маҳдуд шуд. Аз аввали моҳи апрел якчанд рӯз баргардонидани шаҳрвандон қатъ гардида, аз 6-уми апрел ин гуна парвозҳо барқарор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...