“Нест-ҳаст-нест!” Буҳрони COVID-19 ҳамчун ойинаи озодии матбуот дар Тоҷикистон

Хиромон Бақозода, Радиои Озодӣ

Буҳрони беҳдоштии чанд ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон мушкили кори расонаҳои мустақил ва “сензура”-и COVID-19 аз ҷониби сохторҳои ҳукуматиро рӯшан ба намоиш гузошт. Рӯзи 30-юми апрел мақомоти тоҷик эътироф карданд, ки дар кишвар коронавирус вуҷуд дорад, вале ба андешаи таҳлилгарон, ин эътирофи деринтизор то ҷое таҳти фишори расонаҳои мустақил ва бо сабаби сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) ба Тоҷикистон имконпазир шуд.

Дар остонаи Рӯзи Ҷаҳонии Озодии Матбуот, ки ҳамасола 3-юми май таҷлил мешавад, журналистони тоҷик бо бардошт аз таҷрибаи кори сангини ҳафтаҳои ахир аз “набуди системаи вокуниш ба буҳрон”, талоши мақомот ба бастани даҳони матбуот аз роҳи пинҳон кардани воқеияти марбут ба коронавирус ва заъфи худ дар амри таъсиргузорӣ ба афкори тасмимгирандаҳои ҳукумат ҳарф заданд. Айни замон, коршиносони соҳаи матбуот рӯзноманигорони тоҷикро барои талош ва мубориза дар иҷрои вазифаҳои касбиашон дар шароити маҳдудияту сензура ситоиш мекунанд.

“Амалкарди мақомот ғайрикасбӣ буд”

Умед Бобохонов, мудири кулли медиаҳолдинги “Азия-Плюс” мегӯяд, таҳаввулоти атрофи пандемияи коронавирус имтиҳоне барои ҳар давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, аз назари “вуҷуди ҳукумати муассир ва ҷавобгӯ ба мушкилот, нуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуот ва арзиши ҷони инсон дар он ҷомеа” шуд.

Бобохонов мегӯяд: “Амалкарди мақомоти Тоҷикистон, аз назари ман, ба таври ҷиноятомез ғайрикасбӣ буд”.

Ӯ мегӯяд, “фаъолияти матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин шароит ду чизро ба намоиш гузошт: бо вуҷуди масдудкунии сайтҳову камбуди иттилоъ дар бораи пандемия ва иттиҳоми матбуот дар набуди "эҳсоси ватандӯстӣ", бисёр ҳамкорони ман тавонистанд қарзи худро барои огоҳ кардани ҷомеа иҷро кунанд. Бархе аз онҳо, мутаассифона, ҳангоми иҷрои кор ба ҳамин вирус олуда шуданд”.

Бобохонов гуфт, воқеияти таассуфовари дигар ин аст, ки журналистону ҷомеаи шаҳрвандӣ “дар тасмимгириҳои кишвар тақрибан ҳеч нақш надоранд ва сатҳи муколама бо ҳукумат амалан ба ҳеч баробар аст”. Ӯ мегӯяд, ин вазъият пеш аз ҳама барои худи ҳукумат бад аст, чун “агар ба ҳарфи дигарон гӯш дода метавонист, пеши роҳи бисёр иштибоҳҳо гирифта мешуд”.

Ҳамсуҳбатони дигари Радиои Озодӣ ҳам мегӯянд, дар чунин шароити сангин журналистон талош карданд аз монеаҳои бюрократӣ убур карда, воқеияти ҳолро ба ҷомеа расонанд.

Лола Олимова, коршиноси масоили матбуот мегӯяд, “агар дар Тоҷикистон то сар задани буҳрони эпидемиологӣ ҳам мушкилоти марбут ба дастрасӣ ба иттилоъ вуҷуд дошт”, дар давраи буҳрон он шадидтар шуд, чун "мақомот талош карданд воқеиятро пинҳон кунанд.

“Ҳол он ки дар ин давра иттилои дуруст ва саривақтӣ барои наҷоти ҷони инсонҳо хидмат мекунад”, – афзуд ӯ.

Наргис Қосимова, раиси Анҷумани бонувони журналисти Тоҷикистон, мегӯяд, рӯзноманигорон вазифаи худро “боинсофона” иҷро карданд ва дидани ҳамлаҳои фарогир ба онҳо дареғомез буд. Вале “ноқаноатмандӣ аз "хомӯшии" мақомот ва на танҳо масъулони бахши сиҳҳатӣ имрӯз ҷиддан эҳсос мешавад”.

Ӯ гуфт, ҳоло фурсати он расидааст, ки “тарзи зиндагӣ дар воқеиятҳои навро омӯзем ва барои ин ҳадди аксар иттилои дақиқ лозим аст”.

“Дусангарии рӯзноманигорони тоҷик”

Дориюши Раҷабиён, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ аз Лондон истода таҳаввулоти Тоҷикистонро бозтоб медиҳад. Ӯ мегӯяд, дар ин буҳрон “дудастагӣ” дар миёни рӯзноманигорони тоҷик бармало гашт. “Бархе аз онҳо фикр мекарданд, ки агар Тоҷикистон корона надошта бошад, эҳтимолан ҷоизае тақдир хоҳад шуд… Фикр мекарданд, набуданаш нишонае аз патриотизм аст ва меҳандӯстии худро дар пӯшондани ин хабар мехостанд нишон бидиҳанд. Ва ин хилофи усул ва рисолати рӯзноманигорист”.

“Баробар бо ин, расонаҳои дигар талош карданд вуҷуди ин масъаларо дар суҳбат бо коршиносони беруна матраҳ бикунанд”, – гуфт ӯ.

Раҷабиён илова кард, рӯзноманигорони тоҷик чолиши сангине доштанд, чун дар шароити набуди омору далелҳои расмӣ, бояд бо такя ба мушоҳидаҳои худашон дар бораи “бемории синапаҳлу (пневмония)” ва сирояткунанда ва кушанда будани он гузориш диҳанд.

Ин ҳарфҳоро Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечёрка” ҳам тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд, “мардум аз набуди хабарҳои дақиқ ба воҳима дода мешаванд ва шабакаҳои иҷтимоиро овозаҳо пур кардаанд”. Амиршоева мегӯяд, Вазорати тандурустӣ аз ироаи хабарҳо “тавассути телефон худдорӣ карда, посухи муроҷиатҳои расмиро ҳафтаҳои тӯлонӣ интизор шудан лозим аст. Гузашта аз ин, ба журналистон таҳдид ҳам мекунанд”.

Манзури Амиршоева як изҳороти ҳафтаи гузаштаи Вазорати тандурустӣ аст, ки гуфт, дар сурати пахши “хабари нодуруст” аз рӯйи расона ба сохторҳои ҳифзи қонун шикоят мекунад. Ин изҳорот мавриди интиқоди журналистон шуд. Аммо қисме аз ҳамкасбони онҳо пинҳон кардани маълумотро дуруст шумурданд.

“Иллат дар ҳамон расона аст…”

Сардабири нашрияи “СССР” Сайёфи Мизроб мегӯяд, “вазорат масъул ҳаст ва агар журналисте рафту ба ӯ хабар надоданд, пас, иллат дар ҳамон расона ва ё масъул аст. Шахсан ман ҳамеша аз ситоди буҳронӣ дар ин бора маълумот мегирам ва мушкиле надорам”.

Ин журналист, ки мегӯяд, се узви оилааш бо таби баланд бемориеро пушт сар кардаанд, тахмин мекунад, эҳтимолан дар сохторҳои беҳдоштии Тоҷикистон натавонистанд коронавирусро ташхис бидиҳанд. Вале, ба гуфтааш, “мутахассиси соҳа нестам, то далелҳои масъулини соҳаро ба чолиш бикашам… Вале бори дигар мегӯям, ки корҳои профилактикӣ, ки дар кишвар ба вежа шаҳрҳои бузург мегузаранд ва овозаҳои мардуми аз масъулият дур, тавассути сайтҳои иҷтимоӣ мардумро саргаранг кардаанд”.

“Аҳолӣ ба шунидани ҳақиқат омода набуд”

Бархе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ҷомеа дар Тоҷикистон дар чандин соли фишор ба матбуоти озод гӯё ба “қоидаи бозӣ” одат карда, зоҳиран дар қабули хабарҳои сангин аз воқеияти ҳол ҳарос нишон медиҳад ва дар авҷи буҳрон гӯё мехост ба иттилои “оромбахши расмӣ” бештар бовар кунад.

Рустам Гулов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, “мутаассифона, аҳолии мо ба шунидани ҳақиқат омода набуд. Дар мисоли маводи Радиои Озодӣ ва “Азия-Плюс”, ки дар бораи эҳтимоли мавҷудияти ин беморӣ ва фавти мардум гузоришҳо медоданд, барои ман ғайриинтизор буд, ки мардум вокуниши манфӣ нишон медиҳанд. Одамон намехостанд бовар кунанд, ки ҳамин чиз ҳаст ва дар талош барои шунидани иттилои дуруст ва дақиқ тарси онҳо болотар мешуд. Дар чунин ҳолат ба журналистон кор кардан хеле мушкил буд”.

Ӯ мегӯяд, аз сӯе мақомот фишор ва таҳдид мекарданд, ки хабарҳои “носанҷида”-ро нашр накунанд, аз сӯи дигар хонандаҳо ҳам бархӯрди “ғайримантиқӣ” мекарданд. “Дар чунин шароит қобили аҳсан аст, ки журналистон истодагарӣ карданд ва аз принсипи кории худ барнагаштанд”, – афзуд ӯ.

Дар сар задани чунин вазъ ҳамчунин кам ва беҷуръат шудани расонаҳои мустақил, афзоиши фишори бесобиқа ба расонаҳо дар моҳҳои охир ва маъракасозии фейсбукиёни тарафдори ҳукумат низ таъсири муайяне доштанд, вале тавре ки аксари ҳамсуҳбатон ишора карданд, “қоидаҳои” чандинсолаи “бозӣ” дар ин рӯз баландтар аз ҳама аз худ дарак доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...