Ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамла карданд

Asia-Plus

Шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш, воқеъ дар қарибии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафари ношинос бе ягон сабаб дарафтоданд.

Онҳо чизе нагуфта, ӯро хомӯшона заданд. Ягон чизашро ҳам нагирифтанд. Баъд аз он, ки Абдуллоҳ овоз баланд кард, ҳамлаварон гурехтанд.

Ҳамкорон аз идораи Asia-Plus дар пайи ин ҳодиса Абдуллоҳ Ғурбатиро ба бемористон бурданд. Айни замон ӯ зери назорати табибон қарор дорад. 

Ин акси Абдуллоҳи хуншор дар саҳифаи фейсбукии ӯ бо навиштаи зер нашр шудааст:

“Пайи чанги ду шағол, ки як соат пеш ба ман дарафтоданду 'корро тамом накарда' аз тарс гурехтанд…”

Вақтҳои охир шахсони ношинос борҳо ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ таҳдид кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...