Кумак, муҳоҷирон ва ҷасадҳо. Ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” аз Русия чӣ овард

Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” субҳи имрӯз 213 нафар ҳамватанони хориҷшуда, инчунин 28 ҷасади шаҳрвандони бо сабабҳои гуногун дар Русия ҳалокшударо аз Маскав ба Душанбе овард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 213 шаҳрванди Тоҷикистон дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд.

Бо ин парвоз инчунин маводди доруворӣ ва муҳофизатӣ бо шумули доруҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳо ва айнакҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамватанони саховатпешаи муқими Русия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Зикр мешавад, ки роҳбарияти давлат ва ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони кишвар, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 дар кишварҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои заруриро меандешад, то ҳамаи ҳамватанонро аз хориҷа дар наздиктарин фурсат ба ватан солим баргардонад.

“Барои ин ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа супориш дода шудааст, ки маълумоти ҳаррӯза дар бораи вазъи шаҳрвандонро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси Ковид-19 пешниҳод карда, тамоми мусоидати имконпазирро ба шаҳрвандон расонанд”, – қайд мешавад дар хабари Вазорат. 

Гуфта мешавад, дар ин росто тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии Ковид-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ба шаҳрвандони гиромӣ итминон медиҳад, ки сарфи назар мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои лозим барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳар чи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” бобати дар куҷо ба карантин ҷойгир кардани шаҳрвандони ба ватан бозгашта маълумот надоданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...