Умеди баргардонидани тоҷикистониён бо ҳавопаймои барои омӯзгорони Русия таъиншуда

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Русия тасмим гирифт, ки бо сабаби пандемияи коронавирус омӯзгорони русиягии дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаро ба ватан бармегардонад.

Онҳо бо ҳавопаймои ширкати Русия рӯзи 25 май парвоз мекунанд. Тоҷикистон гуфтушунид мегузаронад, то ки бо ин ҳавопаймо шаҳрвандони тоҷик ба ватан оварда шаванд.

“Айни замон байни Тоҷикистон ва Русия гуфтушунид ҷараён дорад.  Тоҷикистон созиш ҳосил карданист, то ки бо ин ҳавопаймоҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, шаҳрвандони тоҷики хоҳишманди ба ватан баргаштан  ба чумҳурӣ оварда шаванд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар.

Ба гуфтаи ӯ, агар Русия розӣ шавад, рӯзи 25 май бо ҳавопаймои барои ба ватан бурдани омӯзгорони русиягӣ пешбинишуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан оварда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, барои баргардонидани шаҳрвандони худ Русия се парвоз анҷом доданист. Рӯзи 25 май анҷоми парвоз бо хатсайри Душанбе – Маскав, 26 май: Душанбе – Красноярск ва Душанбе – Екатеринбург ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...