Арзиши иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар Душанбе 50% кам мешавад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар бораи кам кардани арзиши иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре дар сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе хабар дода мешавад, қарор бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт ва ҷалби бештари сармоягузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ қабул шудааст.

Дар қарор зикр мешавад, ки тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд. Лекин худи замимаҳо нашр нашуда, дар бораи нарх низ маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки арзиши сохтмон то нисф (50%) кам карда мешавад.

“Ин қарор бар асари пандемия ва бо мақсади дастгирии соҳибкорон қабул шуд. Арзиши иҷозати сохтмони манзил ва нуқтаҳои савдо дар Душанбе 50% кам карда мешавад. Қарори ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси шаҳрӣ фиристода шуд”, – гуфт манбаъ.

Ширкатҳои сохтмонӣ қаблан барои сохтмони як метри мураббаъ манзил ё нуқтаҳои фурӯш аз 165 то 220 сомонӣ (17-23 доллар) маблағ пардохт мекарданд.

Ёдрас мекунем, ки тағйироту илова ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», ки мувофиқи он ширкатҳои сохтмонӣ дар қаламрави Душанбе ба пардохти хироҷ уҳдадор шуданд, 6 феврали соли 2019 якдилона аз ҷониби палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.

Ин воситаҳо ба суратҳисоби махсуси ҳукуматдорони пойтахт дар Вазорати молия гузаронида мешаванд, ки онро бо ин мақсад Вазорати молияи Тоҷикистон боз мекунад.

Ташкилотҳои буҷетии ҷумҳурӣ, ки ба сохтмони иншооти таъиноти саноатӣ ва иҷтимоӣ, иншооти зербинои бахши сайёҳӣ машғалунд, аз пардохти чунин хироҷ озод карда мешаванд.

Нимаи моҳи март пас аз қабули ин тағйироту иловаҳо мо бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, сокинон ва коршиносони соҳа дар бораи таъсири он ба бозори амволи ғайриманқул дар Душанбе суҳбат кардем. Аксари онҳо изҳор доштанд, ки маблағи хироҷ ба арзиши хонаҳо илова карда мешавад. Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи мо «Квартиры в Душанбе подорожают» қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...