Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Иди Рамазон

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Соати 10:30-и 24 май  чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Чичилик ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

Дар изҳороти дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашршудаи Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қайд мешавад, ки сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват карданд, ки қаламрави деҳаро тарк кунанд.

“Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳали ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд, – омадааст дар изҳорот. – Дар натиҷа сарбози қаторӣ Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захм бардошт”.

Гуфта мешавад, ин амали иғвоангезонаи сарҳадбонони Қирғизистон ҳамчун нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад ва метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Зикр мегардад, ки айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ бурда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «АКИпресс» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон менависад, шахсони номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба тирпарронӣ ба самти сарҳадбонони қирғиз оғоз кардаанд.

“Дар идома тахминан соати 11-у 40 дақиқа байни дастаҳои сарҳадбонии ҳар ду кишвар тирпарронии кӯтоҳе сурат гирифта, аз сарҳадбонони Қирғизистон касе осеб надидааст”, – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи охир дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон 8 май дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рух дода буд. Дар натиҷаи он ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...