Кумаки Барномаи озуқавории СММ ба сокинони аз сел осебдидаи Хуросон

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ба тақрибан 300 оилае, ки аз омадани сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зарар дидаанд, кӯмаки ғизоӣ расонид. Тақрибан 9 ҳазору 500 истиқоматкунандаи деҳаҳои Н. Асадулло, 18-ум анҷумани ҳизб, Хуросон ва  Пахтаобод дар натиҷаи боришоти рӯзҳои 14-16 майи соли равон ва омадани сел зарар дидаанд. Бештар аз 300 […]

Иттилоияи расмӣ

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ба тақрибан 300 оилае, ки аз омадани сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зарар дидаанд, кӯмаки ғизоӣ расонид.

Тақрибан 9 ҳазору 500 истиқоматкунандаи деҳаҳои Н. Асадулло, 18-ум анҷумани ҳизб, Хуросон ва  Пахтаобод дар натиҷаи боришоти рӯзҳои 14-16 майи соли равон ва омадани сел зарар дидаанд. Бештар аз 300 хона қисман ва ё пурра осеб дид.

Кӯмаки башардӯстонаи БОҶ аз 15 тонна орди ғанигардонидашуда ба оилаҳои зарардида иборат аст ва бо дархости Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон расонида шудааст.

“Мо аз чунин дастгирии саховатмандона ва пайваста миннатдорем. Ҳамкории мо бо БОҶ дар омодагӣ ва андешидани чораҳои ҷавобӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ба одамони ниёзманди саросари Тоҷикистон кӯмак мерасонад,” – иброз дошт Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода.

БОҶ фаъолона ба ҳукумати Тоҷикистон барои таҳким бахшидани иқтидори Гурӯҳи фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда ва Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ кӯмак мерасонад. БОҶ инчунин захираи озуқаворӣ дар кишварро барои кафолати ёрии фаврӣ дар ҳолати фавқулодда дастгирӣ менамояд.

БОҶ дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият дорад ва яке аз аввалин ташкилотҳоест, ки дар радифи КҲФ, ки ҳамчун мақомоти давлатӣ ба ҳифзи аҳолӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар ҳолати офатҳо масъул аст, дар ҳолатҳои табиии ба инсоният хатарнок чораҳои ҷавобӣ меандешад.

Тӯли чор соли охир БОҶ бо мақсади бунёди ҷомеаи ба офатҳои табиӣ устувор ва пешбурди фаъолиятҳо дар байни аҳолӣ КҲФ-и Тоҷикистонро тавассути расонидани кӯмаки техникӣ, таъмин намудан бо таҷҳизот, ташкили тренинг ва омӯзишҳои ҳаматарафа ба кормандон дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ  дастгирӣ менамояд.

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.