ЮНИСЕФ намояндаи нави худро дар Тоҷикистон таъин кард

Иттилоияи расмӣ

Осама Маккави Когалӣ Намояндаи нави ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таъин шуда, ба иҷрои вазифаҳои худ аз 27 май шурӯъ кард.

“Таъин шудан дар ин вазифа дар Тоҷикистон барои ман шараф аст. Ман дар бораи ин кишвари зебо ва мардуми меҳмоннавоз суханҳои бисёр шунидаам. Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон бо Ҳукумати ин кишвар дорои муносибати хуби корӣ аст ва умедворам, ки дар давоми фаъолияти ман дар Тоҷикистон, ин ҳамкорӣ боз ҳам қавитар мегардад”, – гуфтааст Маккави Когалӣ.

Ӯ дорои таҷрибаи байналмиллалии зиёда аз 25-сола дар самти вокуниши башардӯстона ва рушд, аз ҷумла собиқаи корӣ бо ЮНИСЕФ ва ҳукумати Нидерландия аст. Дорои дараҷаи магистри илмҳо оид ба Иқтисодиёт аз Донишгоҳи Бародаи Ҳиндустон ва дараҷаи бакалаври Санъати Донишгоҳи Удайпури Ҳиндустон буда, дар таҳия ва идоракунии барнома, ҷалби маблағгузорӣ, ва бунёди ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, СММ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ва шарикони рушд таҷрибаи назаррас андӯхтааст.

Қабл аз таъинот дар ин вазифа, Когалӣ дар Черногория ба ҳайси 3-юмин Намояндаи ЮНИСЕФ дар кишвари мазкур, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар дар 2006, фаъолият кардааст. Ӯ инчунин ба ҳайси Намояндаи дафтари давлатии ЮНИСЕФ дар Умон (2013 то 2017); Муовини Намояндаи ЮНИСЕФ дар Ироқ (2009 то 2013); Мутахассиси фавқулодаи минтақавии ЮНИСЕФ дар Шарқи Миёна ва дафтари минтақавии Африқои Шимолӣ (2006 то 2009); ва Ҳамоҳангсози асосии ҳолатҳои фавқулодаи ЮНИСЕФ дар Покистон (2005 то 2006) ва дигар вазифаҳо бо Дафтари давлатии Покистон (2001 то 2005) ифи вазифа кардааст. Ҳамчун шаҳрванди Судон, Когалӣ соли 1992 собиқаи кории худро бо ЮНИСЕФ оғоз намуд ва то 1998 фаъолият кард. Берун аз ЮНИСЕФ, байни солҳои 1998 ва 2001 ба ҳайси Маслиҳатчии рушд ва кӯмак дар сафоратхонаи Подшоҳии Нидерланд дар Судон кор кардааст.

Осама Маккави Когалӣ оиладор ва падари чор фарзанд мебошад.

Когалӣ ҳамчун Намояндаи нави ЮНИСЕФ Лучиано Калестиниро, ки ба фаъолияти корӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон моҳи апрели 2020 хотима бахшид, иваз намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...