Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 30 мактаб дар як сол дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 2021 таҷлил мегардад, дар пойтахт 30 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод. Мактабҳои нав асосан аз ҳисоби буҷети шаҳру бунёду […]

Аваз Юлдошев

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 2021 таҷлил мегардад, дар пойтахт 30 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод.

Мактабҳои нав асосан аз ҳисоби буҷети шаҳру бунёду муаҷаҳҳаз гардонида шуда, инчунин шаҳрдорӣ ният дорад, ки маблағҳои сарпарастони ватанӣ, грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявиро низ ба ин кор ҷалб кунад.

Дар мактабҳои нав ба сурати умум 27 ҳазор ҷойи нишаст барои хонандагон сохта шуда, ба ин васила мушкили нарасидани ҷойҳои нишаст барои хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бартараф мегардад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар пойтахти Тоҷикистон 140 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунанд.

Охири ҳафта раиси шаҳр бо ҷараёни сохтмони як қатор муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст, дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва Муассисаи томактабӣ барои 600 нафар кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш аз наздик шинос шуд.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намуд, ки  дар иншоот ситоди доиамалкунанда ташкил карда, корро дар се баст ба роҳ монанд ва иншоотро то муҳлати пешбинишуда – 17 август мавриди истифода қарор диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.