CoronaCheck. Замимаи мобилӣ барои гузаштан аз тести коронавирус тариқи онлайн

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Замимаи CoronaCheck аз ҷониби Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ (AKHS, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Оғо Хон (AKU) таҳия шудааст.

Замимаи CoronaCheck-ро бо забони тоҷикӣ метавон аз Google Play Store ё App Store барои худ баргирифт (загрузить).

“Дар замимаи CoronaCheck чат-роботи интерактивӣ истифода мешавад, ки аз ҷониби зеҳни сунъӣ идора шуда, ба корбарон барои фаҳмидани аломатҳо, баҳодиҳӣ ба сироят аз COVID-19 ва саривақт муроҷаит кардан барои кумак  имкон медиҳад. Он барои ошкор кардани сироятёфтагони имконпазир аз коронавирус пешбинӣ шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон.

Баъди гузаштан аз тест бо назардошти ҷавоб ба саволҳо, замима ба истифодабаранда машварату тавсияҳо пешниҳод мекунад.

Масалан, Шумо бояд ба табиб муроҷиат кунед ё риояи кардани гигиенаи шахсӣ ё тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бароятон кофист.

Ба ҷуз тест, дар замима наворҳои видео дар бораи аломатҳои COVID-19, тадбирҳои пешгирӣ ва масофгаирӣ байни ҳамдигар низ дастрасанд.

Ҳамчунин дар замима рӯйхати рақами телефонҳои фаъоли боварӣ оид ба коронавируси COVID-19 оварда шудааст.

Таҳиягарони замима мутмаинанд, ки CoronaCheck ба кам кардани сарборӣ ба низоми тандурустӣ ва сарфаи захираҳои муҳим, аз қабили воситаҳо барои гузаштан аз тест, инчунин вақти кормандони тиббӣ мусоидат менамояд.

Қаблан платформаи “онлайн-табибон”-и Yakdu.tj низ “онлайн-тест” таҳия намуд, ки “Назарпурсӣ бо машваратҳо оид ба COVID-19” (Опрос с советами по COVID-19) ном дорад. Бо ҷавоб ба саволҳои ин тест низ метавон дар бораи дар шахс мавҷуд будани аломатҳои коронавирус, зарурати муроҷиат ба табиб маълумоти муфид дарёфт кард.

ДОНИСТАН МУҲИМ АСТ: Натиҷаи тест дар ин платформаҳо ҳеҷ гоҳ вазъи ҳақиқии солимии шуморо нишон намедиҳад. Танҳо бо такя ба ҷавобҳои шумо ба вазъи ҳамон вақти солимиатон баҳогузорӣ мекунад.

Агар шубҳа дошта бошед, ки аломатҳои коронавирус доред, ба табибони касбӣ муроҷиат карда, аз онҳо машварат гиред.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...