Сохтмони 5 мактаби русзабон дар Тоҷикистон кай оғоз мегардад?

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода бо вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов тариқи онлайн гуфтугӯ карда, дар рафти суҳбат сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо изҳор доштад, ки раванди корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои сохтмони муассисаҳои мазкур анҷом ёфта, корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик оғоз хоҳанд ёфт.

“Зимни суҳбат масъалаи таъмини муассисаҳои таълимии русзабони кишвар бо китобҳои дарсӣ, баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки донишгоҳҳои Русияро дар соли ҷорӣ хатм намуданд, таҳсили донишҷӯён, ки барои соли таҳсили 2020-2021 ба мактабҳои олии Русия дохил шудаанд, низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, – қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, атрофи масоили таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии русзабон бо китобҳои дарсӣ, идомаи таҳия, тарҷума ва чопи китобҳои дарсӣ бо забони русӣ, инчунин таъсиси китобхонаи муштараки ягонаи электронии таълимӣ табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон дар ҷаласаи Думаи давлатии Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани 5 муассисаи таълимии русзабон тасдиқ шуд.

Созишнома дар бораи сохтмони мактабҳо 17 апрели соли 2019 дар Маскав аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 январи соли равон созишномаи мазкурро тасдиқ кард.

Дар ҳар кадоме аз 5 мактаб то 1200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта гирифта шуда, nаълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад.

Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст.

Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд. Ин муассисаҳои таълимӣ бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...