Раҳбарияти ВМКБ дар бораи пулҳои сарфкарда барои мубориза COVID-19 ҳисобот дод

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи хароҷот аз суратҳисоби бозшуда барои мубориза бо COVID-19 дар минтақа ҳисобот дод.

То 15 июни соли 2020 аз суратҳисоби махсус ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ Сovid-19 дар вилоят таъсис дода шудааст, маблағи 94 ҳазору 689 сомонӣ хароҷот карда шуд. Ин маблағ байни муассисаҳои тиббӣ тақсим карда шуд.

“30 ҳазор сомонӣ ба беморхонаи ноҳияи Мурғоб, 42 ҳазору 129 сомонӣ – ба Шуъбаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ, 10 ҳазор сомонӣ – ба беморхонаи Навобод ва ҳамин миқдор маблағ – ба Шуъбаи ёрии таъҷилии ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон дода шуд. Боз 2 ҳазору 560 сомонӣ ба Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ барои харидории сӯзишворӣ ба хотири безараргардонии кӯчаҳои шаҳри Хоруғ дастрас гардид”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти дастгоҳи раиси вилоят.

Ба иттилои манбаъ, ин маблағҳо бо назардошти эҳтиёҷоти ин муассисаҳои тиббӣ ҷудо карда шуданд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба шахсони саховатпеша, соҳибкорон идораву муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба суратҳисоби мазкур маблағро ба хотири пешгирии бемории сироятии короновирус дар вилоят  гузаронданд, изҳори сипос баён менамояд”, – қайд мекунанд дар хадамоти матбуот.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 июн дар ҷаласаи навбатии ситод оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қайд кард, ки дар давраи пандемия дар минтақа 22 нафари синнусоли  55-сола ва болотар аз он аз бемории COVID-19 фавтиданд. То имрӯз дар вилоят 1506 нафар муолиҷа гирифта, 75% ё худ 1132 нафари онҳо пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...