Русия барои рушди низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон беш аз $21 млн ҷудо мекунад

Asia-Plus

Русия ҷиҳати рушди низоми устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) 11,2 млн доллар маблағ ҷудо мекунад.

Ин маблағ ба амалисозии марҳилаи сеюми хотимавии лоиҳаи ҳамноми Русия ва БОҶ барои солҳои 2020-2023 равона мегардад. Аз ҷумла ба барномаҳои таъмиру муҷаҳҳазгардонии ошхонаҳо, такмили ихтисоси кормандони мактабҳо, инчунин баргузории маъракаи иттилоотӣ оид ба пешбурди истеъмоли ғизои солим.

Ғайр аз ин, Русия барои харидории маҳсулоти хӯроквории Русия барои эҳтиёҷоти хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2020-2021 иловагӣ 10 млн доллар ихтисос медиҳад.

“Муддати 6 сол инҷониб Русия дар ҳамдастӣ бо БОҶ аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди бунёди низоми худкифои миллии ғизои мактабӣ пуштибонӣ мекунад, – таъкид дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов. – Ин яке аз лоиҳаҳои бузургтарин дар ҷумҳурӣ мебошад, ки буҷети умумии он ба 80 млн доллар наздик шуд. Мусоидат ба рушди муносиб ва солими хонандагони ҳозираи мактабҳои Тоҷикистон – саҳми муҳими Русия ба ояндаи тамоми Тоҷикистон аст”.

Барномаи ғизои мактабии БОҶ дар Тоҷикистон соли 2013 бо дастгирии молиявии Русия оғоз гардида, калонтарин барнома дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва ӯҳдадории амиқи ташкилотро дар роҳи беҳбуди зиндагӣ нишон медиҳад. Дар ҷомеаҳои осебпазир ва дорои ноамнии озуқаворӣ, таъмини ғизои солим ба кӯдакон дар мактаб метавонад маънои натанҳо ғизо ва саломатии беҳтарро дошта бошад, балки дастрасӣ ба таҳсилро низ афзоиш диҳад.

Дар Тоҷикистон БОҶ ба дастгирии барномаҳои рушд, ки ба таҳкими иқтидорҳои институтсионалӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Аз соли 1999 инҷониб, созмони болозикр дар якҷоягӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти татбиқ ва идоракунии Барномаи ғизои мактабӣ дар кишвар ҳамкорӣ мекунад.

Дар самти таҳкими амнияти озуқавории кишвар Русия шарики калидии Тоҷикистон ва БОҶ ба шумор меравад. Дастгирии Русия дар ин самт бо амалисозии лоиҳаи зикргардида маҳдуд намешавад. Аз ҷумла, давоми солҳои 2005-2012 ҳукумати Русия тариқи БОҶ ба Тоҷикистон ҷиҳати харидории ғизо барои сокинони эҳтиёҷманди кишвар 36,5 млн доллар ҷудо карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...