Эҳтимоли камшавии шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

Asia-Plus

Шумори коргарони хориҷӣ, ки бо раводиди корӣ ба Русия меоянд, соли 2021 қариб ба миқдори 40 ҳазор нафар – аз 144 583 то 104 993 кам шуда метавонад. Дар ин бора “Российская газета” бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат хабар медиҳад.

Маҳз Вазорати меҳнат ба муайян кардани талаботи ҷалби коргарони хориҷӣ аз кишварҳое, ки барои вуруди шаҳрвандонаш ба Русия гирифтани раводид (виза) зарур аст, масъул мебошад.

“Ин квота бояд то 15-уми ноябр муайян шавад. Айни замон лоиҳаи санад мавриди баррасии ҷомеа қарор дорад, – шарҳ додаанд дар хадамоти матбуот. – Коҳиши ҳиссаи коргарони хориҷӣ дар соҳаҳое чун идоракунии амволи ғайриманқул; фаъолият оид ба хизматрасонии бино ва қаламравҳо; ҷангалпарварӣ ва хоҷагии ҷангал, коркарди чӯб ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва пӯк, ба ҷуз мебел ва як қатор дигар соҳаҳо пешбинӣ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати меҳнат таъкид доштаанд, ки ин ҷо танҳо сари қисмате аз муҳоҷирони корӣ сухан меравад. Шаҳрвандони давлатҳое, ки барои ворид шудан ба Русия бе раводид ҳуқуқ доранд (кишварҳои ИДМ ва ИИАО), бо тартиби содашуда тибқи патент дар Русия ба кор медароянд.

Агар лоиҳаи санад бе тағйирот тасдиқ шавад, дар ин ҳолат танҳо қисмате аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар бахшҳои кӯҳкорӣ, корҳои кӯҳӣ-асосӣ, сохтмону ва насбу таъмир машғули коранд, ба Русия омада метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...