Зани серфарзанди сокини пойтахт барои ташкили ҷашни зодрӯзи духтараш ҷарима шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зани серфарзанди сокини пойтахтро барои таҷлили ҷашни зодрӯзи духтараш ҷарима кард. Тавре дар сомонаи суд хабар дода мешавад, Зебинисо Сайдалиеваи 56-сола барои таҷлили ҷашни зодрӯзи фарзандаш 15-20 нафарро даъват кардааст. Гуфта мешавад, Сайдалиева модари танҳо буда, фарзандонашро худаш тарбия мекунад ва муваққатан бекор аст. Барои риоя накардани моддаи 481-и […]

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зани серфарзанди сокини пойтахтро барои таҷлили ҷашни зодрӯзи духтараш ҷарима кард.

Тавре дар сомонаи суд хабар дода мешавад, Зебинисо Сайдалиеваи 56-сола барои таҷлили ҷашни зодрӯзи фарзандаш 15-20 нафарро даъват кардааст.

Гуфта мешавад, Сайдалиева модари танҳо буда, фарзандонашро худаш тарбия мекунад ва муваққатан бекор аст.

Барои риоя накардани моддаи 481-и қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» зан ба маблағи 5800 сомонӣ ҷарима шуд. Бо вуҷуди иқрор шудан ба гунаҳкорӣ ва пушаймонӣ изҳор кардан дар мурофиа, суд ӯро ба миқдори ҳадди баландтарини имконпазир ҷарима кард.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни дар боло зикр шуда, таҷлили ҷашни зодрӯз танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.