Як зани душанбегӣ худро аз болои пул ба замин партофтанӣ буд. Наҷотбахшон пешгирӣ карданд

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон шаби гузашта аз як худкушӣ пешгирӣ карданд. Тавре дар сомонаи Кумита хабар дода мешавад, як зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе қасди худкушӣ кардааст. “Навбатдори ШКД Сино-2 соати тахминан 00:38 дақиқа  дар ин бора ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дода, гуфтааст, зан мехоҳад аз болои […]

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон шаби гузашта аз як худкушӣ пешгирӣ карданд.

Тавре дар сомонаи Кумита хабар дода мешавад, як зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе қасди худкушӣ кардааст.

“Навбатдори ШКД Сино-2 соати тахминан 00:38 дақиқа  дар ин бора ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дода, гуфтааст, зан мехоҳад аз болои пули роҳи оҳани шафати шаҳраки 103 худро ба замин партояд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад дастаи зудамали Раёсати Кумита дар пойтахт ба ҷойи ҳодиса расида, шаҳрвандро аз ин роҳ баргардонд ва ӯро аз болои пул поин овард.

Зикр мешавад, ки сипас ин зан барои таҳқиқу тафтиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд, то сабаби қасди худкушӣ таҳқиқ шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.