Дастаҳои лигаи дуюми футбол аз пардохти ҳаққи узвият озод шуданд

Бо ташаббуси раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дастаҳои футбол, ки дар лигаи дуюми чемпионати Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард, аз пардохти ҳаққи узвият дар мавсими имсола озод шуданд. Ба гуфтаи Фаромуз Бобоев, роҳбари маркази матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон, сабаби чунин тасмим ба хотири пеш омадани буҳрони молиявӣ дар пайи пандемия мебошад. “Аз сабаби […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Бо ташаббуси раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дастаҳои футбол, ки дар лигаи дуюми чемпионати Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард, аз пардохти ҳаққи узвият дар мавсими имсола озод шуданд.

Ба гуфтаи Фаромуз Бобоев, роҳбари маркази матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон, сабаби чунин тасмим ба хотири пеш омадани буҳрони молиявӣ дар пайи пандемия мебошад.

“Аз сабаби хуруҷи бемории COVID-19 дар қаламрави кишвар ва ба буҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудани шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо ташаббуси раиси Федератсяи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Чемпионати имсола оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюм бе пардохти ҳаққи узвият ва дархостӣ гузаронида мешавад”, – иброз дошт Бобоев.

Вай афзуд, ки давраи аввали чемпионат байни дастаҳои лигаи дуюм 6-уми июли соли равон оғоз хоҳад шуд. Маросими қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон рӯзи 30-юми июн дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Манбаъ илова кард, ки имсол эҳтимол шумораи дастаҳо дар лигаи дуюм зиёд шавад. Дар чемпионати гузаштаи лигаи дуюм 12 даста иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.