Эҳтимоли камшавии шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

Шумори коргарони хориҷӣ, ки бо раводиди корӣ ба Русия меоянд, соли 2021 қариб ба миқдори 40 ҳазор нафар – аз 144 583 то 104 993 кам шуда метавонад. Дар ин бора “Российская газета” бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат хабар медиҳад. Маҳз Вазорати меҳнат ба муайян кардани талаботи ҷалби коргарони хориҷӣ аз кишварҳое, ки барои вуруди шаҳрвандонаш […]

Asia-Plus

Шумори коргарони хориҷӣ, ки бо раводиди корӣ ба Русия меоянд, соли 2021 қариб ба миқдори 40 ҳазор нафар – аз 144 583 то 104 993 кам шуда метавонад. Дар ин бора “Российская газета” бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат хабар медиҳад.

Маҳз Вазорати меҳнат ба муайян кардани талаботи ҷалби коргарони хориҷӣ аз кишварҳое, ки барои вуруди шаҳрвандонаш ба Русия гирифтани раводид (виза) зарур аст, масъул мебошад.

“Ин квота бояд то 15-уми ноябр муайян шавад. Айни замон лоиҳаи санад мавриди баррасии ҷомеа қарор дорад, – шарҳ додаанд дар хадамоти матбуот. – Коҳиши ҳиссаи коргарони хориҷӣ дар соҳаҳое чун идоракунии амволи ғайриманқул; фаъолият оид ба хизматрасонии бино ва қаламравҳо; ҷангалпарварӣ ва хоҷагии ҷангал, коркарди чӯб ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва пӯк, ба ҷуз мебел ва як қатор дигар соҳаҳо пешбинӣ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати меҳнат таъкид доштаанд, ки ин ҷо танҳо сари қисмате аз муҳоҷирони корӣ сухан меравад. Шаҳрвандони давлатҳое, ки барои ворид шудан ба Русия бе раводид ҳуқуқ доранд (кишварҳои ИДМ ва ИИАО), бо тартиби содашуда тибқи патент дар Русия ба кор медароянд.

Агар лоиҳаи санад бе тағйирот тасдиқ шавад, дар ин ҳолат танҳо қисмате аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар бахшҳои кӯҳкорӣ, корҳои кӯҳӣ-асосӣ, сохтмону ва насбу таъмир машғули коранд, ба Русия омада метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.