Вазорати нақлиёт: “Эстакадаи Қарияи Боло 100% барои истифода омода аст”

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Корҳои сохтмон дар эстакадаи маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе пурра ба анҷом расида, роҳ барои ифтитоҳ ва истифода омода аст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода, лекин дар бораи сабаби ба таъхир афтодани ифтитоҳи он чизе нагуфтанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати нақлиёт маълумотро дар бораи аз ҷониби Комиссияи давлатии қабул ошкор шудани камбудиву норасоиҳо дар иншоот рад карданд.

“Иншоот барои истифода 100% омода буд, ягон камбудию норасоӣ надорад. Алҳол рӯзи дақиқи ифтитоҳи он маълум нест. Умедворем, ки ба наздикӣ боз мешавад. Ифтитоҳи он ба мо вобаста нест”, – гуфтанд дар Вазорат.

Ба суоли мо “чаро маросими ифтитоҳ мавқуф гузошта мешавад?” дар Вазорати нақлиёт чунин посух доданд: “Санаи дақиқи кушодани ин роҳ ҳеҷ гоҳ расман эълон нашудааст. Вақте ки рӯзаш маълум шуд, он замон расман хабар медиҳем”.

Ҳанӯз моҳи январи соли 2019 зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор дошта буд, ки сохтмони эстакадаи дуюми сеқабата дар мавзеи буриши хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Сино пеш аз муҳлат – охири соли 2019 ба итмом мерасад.

Моҳи декабри соли 2019 муовини сарвазир Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳо дар иншооти мазкур шинос шуда, дар умум изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки мувофиқи нақша, роҳ то 20-уми марти соли 2020 пурра ба истифода дода мешавад.

Барои равшанӣ андохтан ба масъала ба шаҳрдории Душанбе ҳам муроҷиат кардем, аммо дар он ҷо ба мо чизеро шарҳ надода, боз ба Вазорати нақлиёт муроҷиат карданро тавсия доданд…

Қобили зикр аст, ки муҳлати навбатии маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани эстакада имрӯз, 25-уми июн эълон гарида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...