Табибону иқтисодчиён. Ҷавонони тоҷик кадом касбҳоро интихоб мекунанд?

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи махсус дар Тоҷикистон аз 1 июл оғоз гардиданд. Имтиҳоноти дохилшавии имсола аз солҳои пешин каме фарқ доранд.

Имсол 108 ҳазор нафар дониҷӯ шудан мехоҳанд. Соли гузашта довталабон 6 ҳазор нафар камтар буданд. Ҷой барои донишҷӯ шудан ҳамагӣ наздики 90 ҳазор мебошад.

Кластерҳои аз ҳама бештар писандидаву серталаб тиб ва иқтисод маҳсуб меёбанд. Лекин довталабоне, ки физик шудан мехоҳанд, низ кам нестанд.

“Орзуи деринаам аст, – мегӯяд Бибигул Холиқдодова. – Имтиҳонҳоро супоридам. Саволҳо фаҳмову на он қадр душвор буданд ва ба назарам ман мегузарам”.

«Давняя мечта, – признается Бибгул Холикдодова. – Я уже сдала экзамены, вопросы были понятные и не сложные, и я думаю, что я пройду».

Соли равон муҳлати имтиҳонсупорӣ кам шуд – онҳо дар муддати ҳамагӣ як ҳафта мегузаранд. Ду қисмати тест – А ва Б якҷоя шуда, довталабон дар як рӯз аз рӯйи онҳо имтиҳон месупоранд.

Ба кам кардани муҳлати супоридани имтиҳон ҳанӯз соли гузашта тасмим гирифта шуда, ин ба пандемия дахл надорад. Аммо пандемия низ ба ин ҷараён каме тағйирот даровард: ҳангоми ба синф ворид шудан ҳарорати доваталабон санҷида мешавад; онҳо бояд ниқоб пӯшида бошанд ва сари миз ҳарчи дуртар аз ҳамдигар нишинанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.