Замони пандемия ҳодисаҳои куштору роҳзанӣ ва дуздӣ дар Тоҷикистон афзуданд

Моҳи май ҳодисаҳои сабти ҷиноятҳое чун одамкушӣ, дуздӣ дар манзилҳо ва роҳзанӣ дар ҷумҳурӣ зиёд шуд. Бино ба омори расмӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи майи имсол шумори ҳодисаҳои куштор ва суиқасд ба он ба миқдори 62%, дуздӣ дар манзилҳо – 35% ва роҳзанӣ – 75% афзудааст. Моҳи май инчунин сабти ҳодисаҳои […]

Моҳи май ҳодисаҳои сабти ҷиноятҳое чун одамкушӣ, дуздӣ дар манзилҳо ва роҳзанӣ дар ҷумҳурӣ зиёд шуд.

Бино ба омори расмӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи майи имсол шумори ҳодисаҳои куштор ва суиқасд ба он ба миқдори 62%, дуздӣ дар манзилҳо – 35% ва роҳзанӣ – 75% афзудааст.

Моҳи май инчунин сабти ҳодисаҳои авбошӣ (5%) ва далелҳои дуздӣ дар умум (13%) зиёд шуда, дар ҳамин ҳол, сабти ҳодисаҳои ғоратгарӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар, вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, порагирӣ кам шудааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ ба сурати умум 1,5 ҳазор ҷиноятҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 12,4% камтар аст.

Дар ин давра 283 ҷиноятҳои вазнин содир шудаанд, ки дар қиёс бо моҳи майи соли гузашта 126 чунин ҷиноят камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз аввалин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар аз коронавирус ҳукумати Тоҷикистон 30 апрел маълумот дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.