Эҳтимоли роҳандозии боз 10 хатсайри чартерӣ барои аз Русия ба ватан овардани тоҷикистониён

Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар масъалаи ташкили хатсайрҳои чартерии ҳавоӣ аз шаҳрҳои гуногуни Русия баррасӣ мешавад. “Ҷадвали хатсайрҳо барои мувофиқа ба ҷониби Русия пешниҳод шуда, агар дар он ҷо нисбат ба ин масъала қарори мусбат қабул шавад, боз беш аз 10 хатсайри ҳавоии чартерӣ ташкил карда мешавад”, […]

Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар масъалаи ташкили хатсайрҳои чартерии ҳавоӣ аз шаҳрҳои гуногуни Русия баррасӣ мешавад.

“Ҷадвали хатсайрҳо барои мувофиқа ба ҷониби Русия пешниҳод шуда, агар дар он ҷо нисбат ба ин масъала қарори мусбат қабул шавад, боз беш аз 10 хатсайри ҳавоии чартерӣ ташкил карда мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар ин хатсайрҳо мисли пешина ба шаҳрвнадони осебпазир, аз ҷумла беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолону донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бо сафари хизматӣ ба Русия рафтаанд, афзалият дода мешавад.

Тоҷикистон аз 15 июн ба баровардани шаҳрвандони худ аз хориҷи кишвар оғоз кард. Ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Қазон ва Новосибирску Екатеринбург бояд 8 хатсайри чатерӣ иҷро кунанд.

То имрӯз бо 3 хатсайри чартерӣ 642 нафар аз Русия ба ватан оварда шуданд. Субҳи имрӯз хатсайри 4-уми чартерии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба пойтахт фуруд омада, тибқи маълумоти пешакӣ, дар он беш аз 200 нафар мусофирон ҳузур доштанд.

Боз хатсайрҳои зерини чартерӣ дар навбатанд: 6 июл: хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе («Сомон Эйр»);  7 июл: Душанбе-Екатеринбург-Душанбе («Тоҷик Эйр»); 13 июл: Душанбе-Москва-Душанбе («Тоҷик Эйр»); 14 июл:  Душанбе-Москва-Душанбе («Сомон Эйр»).

Бо ин хатсайрҳо танҳо тибқи рӯйхати дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳияшуда парвоз кардан имкон дорад.

Дар ҳамин ҳол, сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия барӯйхатгирии шаҳрвандонро барои бозгашт ба ватан бо хатсайрҳои чартерӣ муваққатан боздоштанд.

Сафорат дар саҳифаи расмии фейсбукии худ навиштааст:

“Бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки барӯйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия муваққатан қатъ карда мешавад”.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки бо назардошти эҳтимоли ташкили парвозҳои чартерии минбаъда қабули аризаҳо барои бозгашт ба ватан тавассути адреси электронии [email protected] идома дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.