Рустами Эмомалӣ дар Маҷлиси миллӣ шӯрои машваратии коршиносонро таъсис доданист

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба омӯзиши масъалаи таъсиси шӯрои машвпрарии коршиносон дар назди палатаи болоии парлумон дастур дод. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллӣ дар ин робита хабар дод, Рустами Эмомалӣ ба кумита ва комиссияҳои палата супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат хулосаҳои худро оид ба ин масъала пешниҳод […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба омӯзиши масъалаи таъсиси шӯрои машвпрарии коршиносон дар назди палатаи болоии парлумон дастур дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллӣ дар ин робита хабар дод, Рустами Эмомалӣ ба кумита ва комиссияҳои палата супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат хулосаҳои худро оид ба ин масъала пешниҳод кунанд.

Тавре манбаъ қайд кард, ба ақидаи ӯ, шӯрои машваратии коршиносон дар самаранокии қабули қонунҳо ва беҳбуди сифати онҳо нақши мусбат бозида метавонад.

Ба дастгоҳи Маҷлиси миллӣ супориш дода шудааст, ки минбаъд зимни қабули кадрҳои нав ба кор ҳатман озмун гузаронида шуда, пеш аз ҳама, ба ҷавонӣ ва сатҳи саводнокиву забондонии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Роҳбари дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ уҳдадор шудааст, ки дар муддати як моҳ байни кормандон барои муайян кардани қобилияти касбии онҳо санҷиш (аттестатсия) гузаронад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.