Номнависии тоҷикистониён барои бозгашт аз Русия муваққатан қатъ шуд

Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия барӯйхатгирии шаҳрвандонро барои бозгашт ба ватан муваққатан боздоштанд. Сафорат дар саҳифаи расмии фейсбукии худ навиштааст: “Бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки барӯйхатгирии шаҳрвандон ба таври […]

Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия барӯйхатгирии шаҳрвандонро барои бозгашт ба ватан муваққатан боздоштанд.

Сафорат дар саҳифаи расмии фейсбукии худ навиштааст: “Бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки барӯйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия муваққатан қатъ карда мешавад”.

Бино ба иттилои сафорат, дар муддати барӯйхатгирӣ теъдоди муроҷиаткунандагони номнависшуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург ҳазорҳо нафарро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб пеш аз ҳама беморону маъюбон, занон бо кӯдакон, пиронсолон ва донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар қаламрави Русия дармондаанд, пас аз санҷиши Комиссияи махсус барои бозгашт ба Тоҷикистон ба рӯйхат гирифта мешаванд.

Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия ба шахсоне, ки тибқи рӯйхат ба Тоҷикистон бармегарданд, ҷиҳати харидории билетҳо аз кассаҳои намояндагии ширкатҳои “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон-Эйр” телефонӣ хабар медиҳанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки бо назардошти эҳтимоли ташкили парвозҳои чартерии минбаъда қабули аризаҳо барои бозгашт ба ватан тавассути адреси электронии [email protected] идома дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.