Ваъдаи дар 2 рӯз ба хона баргардонидани тоҷикистониёни дар Қазоқистон ҷамъомада

Date:

Тоҷикистон ният дорад, ки дар муддати 2 рӯзи наздик ҳудуди 1 ҳазор шаҳрвандони худро, ки дар гузаргоҳи “Жибек Жола”-и сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд, ба ватан баргардонад.

“Айни замон масъалаи транзити автобусҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳукумати Ӯзбекистон мувофиқа мешавад. Умедворем, ки давоми ҳамин рӯз масъала роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар масъалаи иҷозаи убури транзитии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари пандемияи коронавирус аз Русия ва Қазоқистон ба ватан бармегарданд, ҳукумати Ӯзбекистон ба кишвари мо ҳамеша кумаку мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки даҳ рӯз пеш бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират (IOM) садҳо нафар тоҷикистониён, ки дар ин гузаргоҳи марзӣ қарор доштанд, бо 14 автобус тариқи транзит аз қаламрави Ӯзбекистон ба вилояти Суғд оварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...