Ваъдаи дар 2 рӯз ба хона баргардонидани тоҷикистониёни дар Қазоқистон ҷамъомада

Тоҷикистон ният дорад, ки дар муддати 2 рӯзи наздик ҳудуди 1 ҳазор шаҳрвандони худро, ки дар гузаргоҳи “Жибек Жола”-и сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд, ба ватан баргардонад. “Айни замон масъалаи транзити автобусҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳукумати Ӯзбекистон мувофиқа мешавад. Умедворем, ки давоми ҳамин рӯз масъала роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” […]

Тоҷикистон ният дорад, ки дар муддати 2 рӯзи наздик ҳудуди 1 ҳазор шаҳрвандони худро, ки дар гузаргоҳи “Жибек Жола”-и сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд, ба ватан баргардонад.

“Айни замон масъалаи транзити автобусҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳукумати Ӯзбекистон мувофиқа мешавад. Умедворем, ки давоми ҳамин рӯз масъала роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар масъалаи иҷозаи убури транзитии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари пандемияи коронавирус аз Русия ва Қазоқистон ба ватан бармегарданд, ҳукумати Ӯзбекистон ба кишвари мо ҳамеша кумаку мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки даҳ рӯз пеш бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират (IOM) садҳо нафар тоҷикистониён, ки дар ин гузаргоҳи марзӣ қарор доштанд, бо 14 автобус тариқи транзит аз қаламрави Ӯзбекистон ба вилояти Суғд оварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.