Бо супориши командир сарбоз ба ҷойи хизмат соҳибкорӣ мекард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Командири ротаи таъминоти моддӣ-техникии қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Маҳмадраҷаб Қурбонов роҳи нави пулкоркуниро ёфта буд.

Бино ба иттилои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, аз моҳи сентябри соли гузашта то моҳи феврали соли равон ӯ сарбози қаторӣ Маҳмадзариф Саидовро аз хизмат озод карда, ба устохонаи таъмири мошинҳо мефиристодааст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар хонааш воқеъ будааст.

“Сарбоз ба таъмири автомашинаҳо машғул шуда, табиист, ки барои кори худ ҳақмузде намегирифт, – қайд мешавад дар хабар. – Ҳангоми санҷиши ҳайати шахсӣ, ки худи командир мегузаронд, дар китоби санҷиши ҳозирбошии рота, сарбозро сохтакорона дар қисми ҳарбӣ ҳамчун ҳозирбуда дарҷ мекард”.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе командири “корчаллон” ба маблағи 17 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шудааст. Суд ӯро аз ҳуқуқи идомаи хизмати ҳарбӣ маҳрум накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.